Мутаххасисони рус аз Италия ба ватани худ баргаштанд


Беш аз 70 сарбоз ва 19 воҳиди техникаи махсуси низомии Русия аз Италия баргаштанд.
Дар фурудгоҳи Чкаловский аллакай даҳум ва ёздаҳумин ҳавопаймои низомии Ил-76 бо мутахассисон ва таҷҳизоти «нерӯҳои махсуси тибби» — и Русия, ки дар мубориза алайҳи COVID-19 ба Ҷумҳурии Италия кӯмак кардаанд, фуруд омаданд.
Ёдовар мешавем, ки вақте вазъият дар Италия дар робита ба хуруҷи бемории коронавирус ба авҷи аъло расид, духтурони низомии Русия барои кӯмак ба табибони итолиёвӣ сафарбар шуданд.
Ба ҳамин минвол, моҳи март Русия 15 ҳавопаймои Ил-76 бо кормандони тиббӣ ва таҷҳизоти заруриро ба Италия барои мубориза бо коронавирус  фиристод.
Акнун пас аз адои рисолати касбии худ мутаххасисони рус дубора ба ватани худ баргаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ