Ба Кодекси замин илова ва дигаргунӣ дароварда мешавад

Ба Кодекси замин илова ва дигаргунӣ дароварда мешавад

Лоиҳаи қонун «Дар бораи ба Кодекси замини Ҷумҳурияти Ӯзбекистон даровардани илова ва дигаргунӣ» эълон гардид. Моддаи 23-и Кодекси замини Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, ки 30-юми апрели соли 1998 бо қонуни таҳти рақами 598-1-и Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ гардидааст, бо қисми 4 (додани қитъаҳои замин, реализатсия кардан) пурра кунонда мешавад. Бино ба он, ҳуқуқи иҷораи замин ба фоидабарии нав даровардашуда дар асоси ауксиони электронӣ фурӯхта мешавад. Ҳолатҳои дар Қарорҳои Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар назар гирифташуда аз ин мустасно. Қисмҳои чорум — шашуми модда қисмҳои панҷум — ҳафтум ҳисобида мешавад. Баъди ҷумлаи «ба иҷора додани қитъаҳои замин» — и қисми даҳуми моддаи 24 ҷумлаи «инчунин, ҳуқуқи иҷораи замини ба фоидабарӣ даровардашуда дар асоси ауксиони электронӣ» пурра кунонда мешавад. Тартиботи мазкур аз ҷониби Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муайян карда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ