Боғи ҳайвоноти Тошканд фаъолияташро барқарор кард

Боғи ҳайвоноти Тошканд фаъолияташро барқарор кард

Боғи ҳайвоноти Тошканд аз 16-уми май сар карда, дар ҳолати амал кардан ба талаботи қоидаҳои санитарию гигиенӣ фаъолияташро оғоз намуд. Даромадан ба боғ бо маҳдудияти зерин амалӣ мегардад: 1. Гурӯҳ шуда даромадан манъ аст. 2. Бе ниқоби тиббӣ даромадан манъ аст. 3. Бе назорати ибтидоии тиббӣ даромадан манъ аст. 4. Масофаи байни ташриффармудаҳо аз 2 метр кам шуданаш манъ аст. 5. Аз алоқаҳои тактили наздик (вохӯрӣ бо даст ва ғайра) дар дараҷаи маҳдудкунӣ тавсия мегардад. 6. Вақти назорати тиббӣ ҳарорати бадани ташрифоварда аз 36,8 дараҷа баланд бошад, ба боғ даромаданаш манъ аст. Дар ҳудуди боғ фаъолияти аттраксионҳо, ҷойҳои дилхушкунанда ва нуқтаҳои савдои хӯрокворӣ манъ карда шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ