Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад”



Инсон дар байни мавҷудот аз ҳама мўъ¬табар ба шумор меравад. Аллоҳ таоло ба ин¬сон беҳисоб нозу неъмат додааст. Агар бо фаҳму фаросат ва ақлу идрокамон фикр ку¬нем, ба беҳисоб будани неъматҳои ба мо до¬дашуда ҳеҷ кадомамон шубҳа нахоҳем кард. Албатта, мо ба сарфа намудани ин неъматҳо фармуда шудаем. Дар ояти 31-уми сураи Аъ¬роф оварда шудааст: “…ҳамчунин, бихӯред ва бинӯшед, (лекин) исроф накунед! Зеро Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад”. Мақсад аз зиндагии мо ёфтани розигии Офаридгор мебошад. Дар ибодатҳоямон, дар дуоҳоямон ҳангоми корҳои хайр ва эҳсон намудан, “Ху¬дат розӣ бош, аз роҳи рост гумроҳ насоз, са-вобашро расон, аз дӯзах наҷот дода, ба ҷан¬нат бидарор” гӯён илтиҷо мекунем.
Ҳар кас амали худашро дуруст ҳисобида, кори савобу некӣ карда истодаам гӯён, дар майдони исроф сайр кардани худро пай на¬мебарад. Ба ӯ “Эй ошно, ин коратон ба кибру риё, манманӣ наздик шудааст” гӯед, “Аввал худата дон, хешу табората аз ин роҳ баргар¬дон” гӯён, ақл ёд медиҳад.
Ин ҷо гуфтани як воқеаи аҷибро ҷоиз ме¬донам. Дар як ҷамъомади калон оиди исрофкорӣ гап мерафт, ки аз байни одамон макту¬бе омад. Дар он навишта буданд: “Домулло имоми муҳтарам, ҳама гапҳои шумо дуруст, аммо имом хатиби мо “Тӯят бояд тӯй ба¬рин шавад” гӯён калон гап мезанад. Ба ин чӣ мегӯед?” Пурсидам, ки ин мактубро кӣ навишт? Ҳама ором. Гуфтам, ки ин хел бо¬шад, ҳозир ҳама имом хатибон дар ин ҷо¬янд. Шумоён сифати ӯро гӯед. Ҷавоб омад, ки он имом хатиб ҳоло дар ин ҷо нест, ӯ дар қишлоқамон. Моҳияти масъаларо пай бур¬да, ба онҳо фарқи имом хатиби расмӣ ва но¬расмиро фаҳмонидам. Агар онҳо муллои қи¬шлоқро имом хатиби расмӣ ҳисобанд, ин сусткории имом хатиби расмиро низ ифо¬да мекунад. Аз ин ҷо ба туфайли сусткашии як нафар ба номи тамоми имом хатибон доғ афтиданашро пай бурдан душвор нест.
Дар фатвои Идораи мусулмонони Ӯзбе¬кистон дар бораи тибқи меъёр гузаронида¬ни тӯю маросим ва маъракаҳо чунин гуфта шудааст: “Маросимҳои шаръиро дар ҷой¬ҳо фақат имом хатибони расмӣ гузаронанд. Дар татбиқ намудани фатвоҳои идораи динӣ ба ҳаёт, ба имом хатибоне, ки хунукназарӣ кардаанд ва ба ин вазифаи масъулиятнок лоқайдона нигаристаанд, дидани чораҳои дахлдор ба назар гирифта шавад”. Модоме, ки чунин аст, мо бояд якҷоя бо аҳли маҳал¬ла дар байни халқ кор барем. Ба ҷавонон за¬рарҳои исрофкориро бо асосҳои илмӣ фаҳ¬монда, бояд гӯем, ки бо ҳавову ҳаваси худ падару модари худро ба азоб нагузоранд.
Аллоҳ таоло дар оятҳои 26-27-уми сураи ал-Исро фармудааст: “Ҳаққи хешованд, мискин ва мусофирро (бо хайру эҳсон) адо кунед ва ба исрофкорӣ мутлақо роҳ надиҳед. Шай¬тон бошад, ба Парвардгораш ниҳоят ношукр буд”. Маънои ин оятҳоро ба халқамон фаҳ¬монем, пеши роҳи исрофкориҳои калонро хоҳем гирифт.
Инсон бояд молу давлати ёфтаашро дар роҳи илм сарф кунад. Аввало, ба илмомӯзии фарзандон, аз он зиёдатиашро ба илмомӯ¬зии додару бародар, тағову ҷиян, хешу ақра¬бо, аз он зиёдатиашро ба илмомӯзии ҳам¬маҳаллаҳо сарф кунад. Ягон шиносамон ба дараҷаи илмӣ соҳиб шавад, ӯ хеши ман аст, гуфта фахр мекунем. Аммо дар вақти азоб кашида таҳсил гирифтани хешамон чор- панҷ сӯм ёрӣ расонданро ба ёд намеорем.
Имрӯз зиёданд фарзандоне, ки дар асо¬си шартнома илм меомӯзанд. Ба сифати шу¬кронаи боигариамон ба онҳо ҳомигӣ кунем, ба ҷойи ибораи “тӯй додан ба ҳафт маҳалла”, ибораи “ба ҳафт донишҷӯ ҳомигӣ кардан”-ро кор фармоем, аҷаб нест, ки аз сафи бандаҳои дӯстдоштаи Аллоҳ ҷой гирем. Ӯ дар ояти 67- уми сураи Фурқон фармудааст: “Онҳо ҳанго¬ми эҳсон намудан ҳам хасисӣ намекунанд, (роҳи пешгирифтаашон) дар миёнаи ин – мӯътадил мебошад”.
Касе, ки розигии Аллоҳро мехоҳад, ҳар¬гиз ба исрофкорӣ роҳ намедиҳад. Имрӯз та¬моми имом-хатибони расмие, ки фаъолият доранд, ба халқамон бадӣ ва гуноҳ будани исрофро фаҳмонда, маслиҳати дуруст ме¬диҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки ба гапи рост гӯш накардан ҳам як намуди исроф ме¬бошад.

Моҳи мағфират ва барака
Сӯҳбаторо Ф.ШУКУРОВ
Доир ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон мухбири рӯзнома бо имом-хатиби Масҷиди ҷомеи Хӯҷа Абду Мӯъмини шаҳри Самарқанд ҳоҷӣ Ҷаҳонгир ҲОТАМ

ОВ, хатмкардаи омӯ¬зишгоҳи миёнаи махсуси исломии Мири Ара¬би Бухоро мусоҳиба орост, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

  • Дар оғоз оид ба фаъолияти масҷиди ҷо¬меъ чанд сухан мегуфтед.
  • Масҷиди ҷомеи Хӯҷа Абду Мӯъмин дар маскани Сартеппаи шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Он соли 1885 таҳти роҳбарии Абдумӯъминбобо ном шахси валисифат бо роҳи ҳашар бунёд ёфтааст. Дар солҳои сохтори собиқ ба анборхонаи хоҷагӣ табдил дода, дар он ҳар хел моддаҳои кимиёви¬ро нигоҳ медоштанд. Бо шарофати истиқлолият масҷиди мо низ аз соли 1992 ба фаъолият сар кард. Дар солҳои охир қиёфаи он тамоман тағйир ёфта, даромадгоҳи ба худ хос, ҳавлии бофайз, таҳорат¬хонаи замонавӣ, афишаҳои гуногун, гулҳои ран¬горанг ва хонақоҳ ба масҷид ҳусн зам намудааст.
  • Дар моҳи Рамазон ба ҷуз ибодатҳои фарзӣ боз чӣ амалҳоеро бояд ба ҷо овард?
  • Рамазон моҳи шарифест, ки дар он Қуръони карим нозил гардида, моҳи барака, раҳмат, тақво, мағфират, наздик шудан ба Аллоҳ ҳисоб меёбад. Дар ин моҳ кас бояд қалбашро пок намояд, хусу¬мату кинаро барҳам диҳад, ёрӣ ба ҳамсоягону хе¬шовандон ва мурувват ба мӯҳтоҷон намояд, бемо¬рон, пиронсолони танҳомонда, ногироёнро хабар гирад, сари ятимонро сила намояд, ба дилҳо озор нарасонад, ба ҳаққи касе хиёнат накунад.
    Аллоҳ таоло дар сураи Бақара (ояти 183) чунин марҳамат намудааст: “Эй имон овардагон! Мисли он, ки ба (умматҳои ) пешиниёни шумо фарз кар¬да шуд, ба шумоён ҳам рӯза гирифтан фарз гардид, шояд (ба сабаби он) ботақво шавед”. Пайғамбара¬мон (с.а.в.) низ фармудаанд: “Касе, ки аз омада¬ни моҳи Рамазон шод шавад, Аллоҳ таоло ҷисми ӯро ба оташи дӯзах ҳаром мегардонад” (аз “Ҷо¬меъ-ул-кабир”-и Имом Суютӣ).
  • Мавқеи рӯза имрӯз дар ҳаёти иҷтимоии мо чӣ гуна аст?
  • Алҳамдулиллоҳ, мусулмонони кишварамон ба қадри ин рӯзҳо расида, ба Аллоҳ шукрона мекунанд ва ибодатҳоро озодона ва боҳа¬ловат ба ҷо меоранд. Ифтор ҳам барои мустаҳкам¬намоии алоқаҳои иҷтимоӣ, муомилаи байниҳам¬дигарии одамон омили муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб, дар динамон ба он эътибори алоҳи¬да дода мешавад. Дар ин бора Зайд ибни Собит (р) ривоят кардаанд, ки Пайғамбарамон (с.а.в.) фар¬мудаанд: “Ҳар кӣ ба рӯзадоре ифтор диҳад, баро¬бари аҷри ӯ савоб мегирад, аммо аз аҷри рӯзадор чизе кам намешавад”. Манфиатҳои рӯза хеле зиёд буда, аз ҷумла, ба воситаи он тақводории рӯзадор меафзояд, рӯзадор ба муқобили шайтон мубориза мебарад, шаҳвати инсон шикаста мешавад, қалби рӯзадор пок мегардад, гуноҳҳои ӯ мағфират кар¬да мешавад, шахси рӯзадор ба сифати фаришта¬гон медарояд, сабру бардошти ӯ зиёд мешавад, сифатҳои раҳму шафқаташ мустаҳкам мегардад.
  • Доир ба манфиатҳои рӯза ба саломатии инсон чиҳо гуфта метавонед?
  • Рӯза на танҳо барои барқарорсозии саломатӣ, балки барои давои бемориҳо низ усули муолиҷаи хубе мебошад, ки исботи илмӣ ёфтааст. Имрӯз му-тахассисони зиёди тиббии мамлакатҳои ғайри¬мусулмон низ бисёр бемориҳои паҳнгардидаро бо роҳи гуруснагии ихтиёрӣ муолиҷа менамоянд. Дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ маълум гардида¬аст, ки рӯза ба бемориҳои шадид низ даво буда, кас агар солим будан хоҳад, бояд ҳар сол 28-30 рӯз ихтиёран гуруснагӣ намояд. Чунин ҳақиқатҳои маълумгардида оиди рӯза тасдиқи илмии ҳади¬си шарифи 14 аср аз ин пеш гуфтаи Пайғамбара¬мон (с.а.в.) ба шумор меравад: “Рӯза гиред, сало¬мат мегардед” (ривояти Имом Табаронӣ). Дар ин моҳи муборак ба ҳамаамон мисли нав аз модар та-валлудёфта аз гуноҳҳо фориғ шуданро насиб гар¬донад. Омин!

Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ, вакили Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ