24 соат: дар Тоҷикистон 204 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шуд

24 соат: дар Тоҷикистон 204 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар Тоҷикистон тайи як шабонарӯзи гузашта 204 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус тасдиқ шуд, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«То 16 май дар мамлакат 1322 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардида, аз ин беморӣ 36  нафар фавтидаанд», — афзуд манбаъ.
Ҳамин тарв, дар як шабонарӯзи гузашта аз коронавирус 3 тан ҷон бохтанд.
Ба омори рӯзи 15 май, дар мамлакат 4297 нафар  зери назорати табибон қарор гирифта, 14 май 477 нафар пас аз шифо ёфтан, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ