Дар Қазоқистон масҷидҳо дубора кушода мешаванд

Дар Қазоқистон масҷидҳо дубора кушода мешаванд
  • Post category:Ҷаҳон

Идораи муфтиёти Қазоқистон имрӯз шанбе эълон кардааст, масҷидҳои ин кишвар нуздаҳум ва бистуми моҳи май бозгушоӣ мешаванд.
Тибқи ин гузориш, дари масҷидҳои Қазоқистон аз соати ҳафти субҳ то соати бисти шаб ба рӯйи мусулмонон боз хоҳад буд ва қарор аст ибодатҳои афрод ба сурати инфиродӣ ва бо риояти фосилагирии иҷтимоӣ анҷом шавад.
Вазорати тандурустии Қазоқистон эълом кард, то кунун 5689 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд ва 34 нафар ҳам бар асари ин вирус ҷон бохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ