Дар дунё аз Билл Гейтс ҳам одами бойтар ҳаст

Дар дунё аз Билл Гейтс ҳам одами бойтар ҳаст
  • Post category:Ҷаҳон

Инро худи ӯ тан гирифт Ҳамон рӯз аз ман ҳам бойтар, аз ман ҳам бодавлаттар будани газетафурӯшро ҳис кардам. — Вақти дар дунё одами бойтарин будани Билл Гейтс касе ба вай савол додааст: — Одами аз шумо бойтар ҳаст? — Оре, ҷавоб медиҳад Билл Гейтс. — Аз ман ҳам бойтар як инсон ҳаст. Вай вақтҳо ҳоло ман машҳур ё ин ки бой набудам. Як рӯз дар аэропорти Ню-Йорк каси газетафурӯшро дидам. Аз вай газета хариданӣ шуда, ҳамёнамро кушоям, пули майдаам набудааст. Баъд ба фурӯшанда газетаро баргардондам. Ба вай нигоҳ карда «Пули майдаам намондааст, газетаатонро харида наметавонам», гуфтам. Сипас, фурӯшанда «Майлаш, ба шумо ба муфт медиҳам», гуфт. Ман ноилоҷ газетаро гирифтам. Аз байн 2-3 моҳ гузашту ман тасодуфан боз ба ҳамон аэропорт фирор кардам ва ин дафъа ҳам барои газетахарӣ пули майда надоштанамро гуфта, газетаро рад кардам. Вай ба ман боз «гирифтан гиред, аз ҳисоби худам дода истодаам. Бо ин ман зарар намебинам», гуфт. Ман газетаро гирифтам. Аз байн 19 сол гузашта ман машҳур шуда рафтам, тамоми дунё шинохтани маро сар кард. Баъд ҳамон фурӯшанда ба ёдам расид. Вайро дер вақт кофтаму дар якуним моҳ ёфтам. «Маро шинохтед? гӯён пурсидам. — Ҳа, шумо Билл Гейтс ҳастед, — гуфт ӯ. — Дар хотир доред, як вақтҳо шумо ба ман ба муфт газета дода будед? — гуфтам. -Дар хотирам ҳаст, ду маротиба додаам, гуфт фурӯшанда. — Ҳаққи ёрии ҳамон вақт додаатонро доданиам, орзуятонро гӯед, ман онро адо мекунам, — гуфтам шитобон. Фурӯшанда ба ман нигоҳ карда истода гуфт: — Ҷаноб, шумо фикр мекунед, ки бо ҳамин нағзигарии маро пурра ҷавоб баргардонда метавонед? Бо ин қарзатон канда намешавад-ку. — Барои чӣ, — ҳайрон шудам ман. — Ман ба шумо вақти фурӯшандаи камбағал буданам ёрӣ додаам, шумо бошед, баъди бой шудан ёрӣ доданиед. Баъди бой шуданатон ёрии бо вақти камбағал будани ман чӣ хел баробар мешавад, — гуфт ӯ. Ҳамон рӯз ҳис намудам, ки фурӯшандаи газета аз ман ҳам бойтар, аз ман ҳам бодавлаттар аст. Чунки вай барои ба одамон ёрӣ додан бой шуданро интизор нашудааст. Одами бойи ҳақиқӣ ин — одами серпул не, балки одами қалбаш бой ҳисобида мешавад. Одамон ҳаминро фаҳмиданашон лозим: ба касе меҳрубонӣ кунед, намудатон чӣ хел набошад, шумо ба инсони зеботарин мубаддал мегардед.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ