Александр Гинтсбург: воксинаи зидди COVID-19-ро сохтем


Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиология (НИЦЭМ) ба номи Н.Ф. Гамалеяи Русия эълон кард, ки воксини зидди COVID-19-ро сохтааст ва он мумкин аз авохири тобистони имсол барояд.
Дар ин бора Александр Гинтсбург, раҳбари ин маркази таҳқиқоӣ зимни суҳбаташ дар филми мустанади «Опасный вирус 5» дар шабакаи телевизионии «Россия 1» хабар дода, гуфтааст, агар мушкиле пеш наояд, охирҳои моҳи август онро сабти ном хоҳанд кард.
Номбурда мегӯяд, таҳияи воксинаи мазкур моҳи феврал оғоз ёфта, дар таҳияи он платформаи умумиеро, ки қаблан дар воксинаи зидди табларзаи Эбола ва коронавируси MERS истифода шуда буд, истифода кардаанд.
Ба гуфти ӯ воксин дар марҳалаи озмоиши токлиникӣ қарор дорад, ки як моҳро дар бар мегирад ва пас аз он Вазорати тандурустии Русия санҷишро дар одамон иҷозат медиҳад.
Ӯ мегӯяд санҷишҳои аллакай гузаронидаашон натоҷи назаррас додааст.
Гунтсбург таъкид кард, ки пас аз ба қайд гирифтан ва оғози истеҳсоли ваксина, фавран эмкунӣ кардани тамоми сокинони кишвар ғайриимкон аст.
Мдири марказ илова намуд, ки Вазорати тандурустӣ барои тавлиди ваксинаҳо аз тамоми имконоти имконпазир истифода хоҳад кард.
Олим ишора кард, ки таҳиягарони воксина аллакай онро дар худ низ санҷидаанд.
Имрӯзҳо беш аз 70 гурӯҳи пизишкон дар саросари ҷаҳон барои пайдо кардани ваксина алайҳи коронавирус пажӯҳиш мегузаронанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ