Сатҳи гирифторшавӣ ба коронавирус дар Қазоқистон ба 5,2 фоиз баробар аст


Дар Қазоқистон 307 ҳолати нави гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳама беш ҳолати мубталошавӣ ба ин беморӣ дар Алмаато сурат гирифтааст.
Танҳо дар шаҳри Алмаато 93 ҳолати нави сироятшавӣ ба COVID-19 сабт гардидааст, хабар медиҳад ситоди фаврии назди ҳукумати ин кишвар.
Манбаъ меафзояд сатҳи гирифторшавӣ ба ин маризӣ дар Қазоқистон ба 5,2 дарсад иборат аст.
Бояд гуфт, ки дар қаламрави ин кишвар ҷамъан 6157 нафар ба маризии коронавирус мубтало гардиданд. Дасти кам 2980 нафар пас аз гирифторӣ ба ин дард шифо ёфтанд, аммо 34 маризи дигар дар мубориза бо вирус оҷиз буда, ҷон аз даст доданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ