Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад” Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ, вакили Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд

Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад” Зайниддин ЭШОНҚУЛОВ, вакили Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар вилояти Самарқанд


Инсон дар байни мавҷудот аз ҳама мўътабар ба шумор меравад. Аллоҳ таоло ба инсон беҳисоб нозу неъмат додааст. Агар бо фаҳму фаросат ва ақлу идрокамон фикр кунем, ба беҳисоб будани неъматҳои ба мо додашуда ҳеҷ кадомамон шубҳа нахоҳем кард. Албатта, мо ба сарфа намудани ин неъматҳо фармуда шудаем. Дар ояти 31_уми сураи Аъроф оварда шудааст: “…ҳамчунин, бихӯред ва бинӯшед, (лекин) исроф накунед! Зеро Ӯ исрофкоронро дӯст намедорад”. Мақсад аз зиндагии мо ёфтани розигии Офаридгор мебошад. Дар ибодатҳоямон, дар дуоҳоямон ҳангоми корҳои хайр ва эҳсон намудан, “Худат розӣ бош, аз роҳи рост гумроҳ насоз, савобашро расон, аз дӯзах наҷот дода, ба ҷаннат бидарор” гӯён илтиҷо мекунем.
Ҳар кас амали худашро дуруст ҳисобида, кори савобу некӣ карда истодаам гӯён, дар майдони исроф сайр кардани худро пай намебарад. Ба ӯ “Эй ошно, ин коратон ба кибру риё, манманӣ наздик шудааст” гӯед, “Аввал худата дон, хешу табората аз ин роҳ баргардон” гӯён, ақл ёд медиҳад.
Ин ҷо гуфтани як воқеаи аҷибро ҷоиз медонам. Дар як ҷамъомади калон оиди исрофкорӣ гап мерафт, ки аз байни одамон мактубе омад. Дар он навишта буданд: “Домулло имоми мўҳтарам, ҳама гапҳои шумо дуруст, аммо имом хатиби мо “Тӯят бояд тӯй барин шавад” гӯён калон гап мезанад. Ба ин чӣ мегӯед?” Пурсидам, ки ин мактубро кӣ навишт? Ҳама ором. Гуфтам, ки ин хел бошад, ҳозир ҳама имом хатибон дар ин ҷоянд. Шумоён сифати ӯро гӯед. Ҷавоб омад, ки он имом хатиб ҳоло дар ин ҷо нест, ӯ дар қишлоқамон. Моҳияти масъаларо пай бурда, ба онҳо фарқи имом хатиби расмӣ ва норасмиро фаҳмонидам. Агар онҳо муллои қишлоқро имом хатиби расмӣ ҳисобанд, ин сусткории имом хатиби расмиро низ ифода мекунад. Аз ин ҷо ба туфайли сусткашии як нафар ба номи тамоми имом хатибон доғ афтиданашро пай бурдан душвор нест.
Дар фатвои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дар бораи тибқи меъёр гузаронидани тӯю маросим ва маъракаҳо чунин гуфта шудааст: “Маросимҳои шаръиро дар ҷойҳо фақат имом хатибони расмӣ гузаронанд. Дар татбиқ намудани фатвоҳои идораи динӣ ба ҳаёт, ба имом хатибоне, ки хунукназарӣ кардаанд ва ба ин вазифаи масъулиятнок лоқайдона нигаристаанд, дидани чораҳои дахлдор ба назар гирифта шавад”. Модоме, ки чунин аст, мо бояд якҷоя бо аҳли маҳалла дар байни халқ кор барем. Ба ҷавонон зарарҳои исрофкориро бо асосҳои илмӣ фаҳмонда, бояд гӯем, ки бо ҳавову ҳаваси худ падару модари худро ба азоб нагузоранд.
Аллоҳ таоло дар оятҳои 26—27_уми сураи ал—Исро фармудааст: “Ҳаққи хешованд, мискин ва мусофирро (бо хайру эҳсон) адо кунед ва ба исрофкорӣ мутлақо роҳ надиҳед. Шайтон бошад, ба Парвардгораш ниҳоят ношукр буд”. Маънои ин оятҳоро ба халқамон фаҳмонем, пеши роҳи исрофкориҳои калонро хоҳем гирифт.
Инсон бояд молу давлати ёфтаашро дар роҳи илм сарф кунад. Аввало, ба илмомӯзии фарзандон, аз он зиёдатиашро ба илмомӯзии додару бародар, тағову ҷиян, хешу ақрабо, аз он зиёдатиашро ба илмомӯзии ҳаммаҳаллаҳо сарф кунад. Ягон шиносамон ба дараҷаи илмӣ соҳиб шавад, ӯ хеши ман аст, гуфта фахр мекунем. Аммо дар вақти азоб кашида таҳсил гирифтани хешамон чор-панҷ сӯм ёрӣ расонданро ба ёд намеорем.
Имрӯз зиёданд фарзандоне, ки дар асоси шартнома илм меомӯзанд. Ба сифати шукронаи боигариамон ба онҳо ҳомигӣ кунем, ба ҷойи ибораи “тӯй додан ба ҳафт маҳалла”, ибораи “ба ҳафт донишҷӯ ҳомигӣ кардан”-ро кор фармоем, аҷаб нест, ки аз сафи бандаҳои дӯстдоштаи Аллоҳ ҷой гирем. Ӯ дар ояти 67-уми сураи Фурқон фармудааст: “Онҳо ҳангоми эҳсон намудан ҳам хасисӣ намекунанд, (роҳи пешгирифтаашон) дар миёнаи ин — мӯътадил мебошад”.
Касе, ки розигии Аллоҳро мехоҳад, ҳаргиз ба исрофкорӣ роҳ намедиҳад. Имрӯз тамоми имом-хатибони расмие, ки фаъолият доранд, ба халқамон бадӣ ва гуноҳ будани исрофро фаҳмонда, маслиҳати дуруст медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки ба гапи рост гӯш накардан ҳам як намуди исроф мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ