Ду ҳикояти пандомез.  Кор ё дарс

Ду ҳикояти пандомез. Кор ё дарс

Шайх Муртазои Ансорӣ (раҳ.) устоди бузурги фиқҳу усул буд. Боре аз яке аз шогирдонаш, ки рӯзи гузашта ба дарс ҳузур надошт, пурсид:

  • Чаро дирӯз дар дарс ҳозир набудӣ?
    Шогирд посух дод:
  • Кор доштам.
    Шайх фармуд:
  • Баъд аз ин ба дарс магӯ: “Кор дорам”, ба кор бигӯ: “Дарс дорам”.

Мардуми дунё


Ҳакимеро гуфтанд:

  • Панде моро биомӯз.
    Гуфт:
  • Мардуми дунё бар чаҳор гурӯҳанд:
  1. Яке он аст, ки донад ва донад, ки доност, аз ӯ дониш биомӯзед.
  2. Дигаре он аст, ки донад ва надонад, ки доност, ӯ фаромӯшкор аст, ёдаш диҳед.
  3. Ва яке он аст, ки надонад ва донад, ки надонад, биомӯзонед.
  4. Ва боз яке он аст, ки надонад ва надонад, ки надонад, ӯ ҷоҳил аст, аз вай дурӣ кунед.

  5. Таҳияи Бахтиёри Ҷумъа
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ