Дар Қарши писар ба худ ва падари 80-солааш оташ зад

Дар Қарши писар ба худ ва падари 80-солааш оташ зад

  • Post category:Ҷаҳон

Дар шаҳри Қарши воқеаи нохуш рӯй дод. Дар ҳодиса боз 4 нафар ҷароҳат бардошт. Дар ин бора хизмати матбуоти Сарпрокуратура маълум кард. Рӯзи 5-уми майи соли ҷорӣ ба хонадони сокини 80-солаи маҳаллаи «Темирйӯлчи»-и шаҳри Қарши, ногирои гурӯҳи 2 Ҷ.А. писари 46-солааш Ш.А. меояд. Дар байни писару падар ҷанҷол сар мезанад. Писар пояшро бо занҷир баста, ба сари худаш ва падараш бензин рехта, гӯгирд мезанад. Якчанд нафар ба ҳодиса гувоҳ шуданд. Бадани падару писар сӯхта, аз олам чашм пӯшиданд. Аз ҳодиса арӯси хонадон, ду нафар ҷиянҳои Ш.А. ва боз як нафар одами ба ёридиҳӣ омада ҷароҳат бардошта, ба беморхона фиристонда шуданд. Аз рӯйи ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи шаҳр нисбати шаҳрванд Ш.Аманов бо банди » v»- и қисми 2-и моддаи 97-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ