Дар Франсия дар байни 30 сол маротибаи аввал 6 нафар экизак таваллуд шуд

Дар Франсия дар байни 30 сол маротибаи аввал 6 нафар экизак таваллуд шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Франсия дар байни 30 сол маротибаи якум 6 нафар экизак ба дунё омад. 5 нафари онҳо духтар ва як нафараш писар мебошанд. Экизакҳо дар шифохонаи Страсбург таваллуд шуданд. Вазни онҳо аз 630 то 730 грамм мебошад. Маълум шуд, ки модари онҳо боз ду нафар фарзанд дорад. Вақти тавлидёбӣ 30 нафар мутахассис ҷалб гардиданд. Навзодҳоро дар реаниматсия гузаронданд. Шифокорон таъкид мекунанд, ки онҳо якчанд моҳ дар шифохона мехобанд. Маротибаи охир ин хел ҳолат дар Франсия (Париж) 30 сол пеш (1989) қайд гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ