Ҳамсари Дмитрий Песков низ гирифтори коронавирус гардид

Ҳамсари Дмитрий Песков низ гирифтори коронавирус гардид

  • Post category:Ҷаҳон


Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков, дар мубориза бо коронавируси навъи COVID — 19 қарор дорад.
«Ҳоло табобат мегирам», — гуфт Песков.
Сухангӯи президант ҳамчунин ҳамагонро барои изҳори ҳамдардӣ сипосгузорӣ кард.
Дар бораи бемории Дмитрий Песков рӯзи 12 май маълум шуд. Ҳамсараш Татяна Навка низ ташхиси коронавирус гирифт. Хонавода дарҳол дар яке аз бемористонҳои Максав бистарӣ карда шуданд.
Ба гуфти Песков дар рӯзи аввали ташхиси коронавирус дар ӯ нишонае пайдо нашуд, вале баъди як рӯз ҳарорати баданаш баланд шуд. Пас аз ташхиси пурра, пизишкон ба сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, ташхиси илтиҳоби шуши дутарафа гузоштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ