Амрико ба Россия 200 дастгоҳи нафасдиҳӣ медиҳад

Амрико ба Россия 200 дастгоҳи нафасдиҳӣ медиҳад
  • Post category:Ҷаҳон


Нахустин  дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъии истеҳсоли Калифорния рӯзи чоршанбеи 20 май барои интиқол ба Маскав омода хоҳанд шуд. Ҳамчунин, 150 дастгоҳи дигар 26-уми май ба Россия фиристода мешавад. Дар ин бора «Садои Амрико» бо истинод ба санадҳои ҳукуматӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи намояндагони маъмурияти президенти Амрико, ҳукумати ИМА пули дастгоҳҳо, таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо ва харҷи интиқолро пурра пардохт кардааст. Дар маҷмуъ,  ин хароҷот  4,7 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дастгоҳҳо тавассути ҳавопаймоҳои низомӣ ба Россия интиқол дода мешаванд, зеро дар ҳоли ҳозир миёни ду кишвар ҳавопаймоҳои мусофирбар парвоз намекунанд. Дар маъмурияти президенти ИМА гуфтанд, ин дастгоҳҳо барои шаҳрвандони Россия фиристода шуда, нишонаи ҳамкории низомӣ миёни ду кишвар нахоҳанд буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ