Тамоми мусобиқаҳои теннис то охири моҳи июл бекор карда шуданд


Федератсияи байналмилалии Теннис (ITF) бар асари пандемия аз коронавирус ҳамаи мусобиқаҳоро то 31-уми июл бекор кард. Дар ин бора дар сайти федератсия хабар дода шудааст.
Ассотсиатсияи касбии теннис (ATP) ва Ассотсиатсияи тенниси занҳо (WTA) чунин тасмим гирифтанд.Ҳамин тариқ, мусобиқаҳо дар байни мардон дар Гамбург, Нюпорт, Бостад, Лос Кабос, Гстад, Умага, Атланта ва Китсбюел ва дар байни занон дар Бухарест, Лозанна, Палермо, Юрмала, Ню Ҳейвен ва Карлсруэ сари вақт гузаронида намешаванд.
Қаблан, ҳама мусобиқаҳои теннис то 13-умм июл бекор карда шуда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ