ХДБ қариб 65 кг. моддаи нашъамандиро мусодира намуд

ХДБ қариб 65 кг. моддаи нашъамандиро мусодира намуд

Хизмати давлатии бехатарии Ӯзбекистон дар натиҷаи дар якчанд вилоят гузаронидани тадбирҳои зудамал қариб 65 килограмм моддаи нашъамандӣ мусодира кард. Аз ҷониби ХДБ дар асоси маълумот дар бораи хизматчиёни қисми ҳарбии сарҳадӣ аз Ҷумҳурияти Тоҷикистон бо роҳи контрабанда ба ҳудуди маҳаллаи Сариҷари ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё ба миқдори зиёд даровардани моддаи нашъамандӣ тадбир гузарондааст. Дар натиҷа, аз ҷойи воқеа 61 кг. 838 грамм моддаи нашъамандии»гашиш» ба тарзи профессоналӣ расмӣ кунонда шудааст. Ҳоло аз рӯйи ба кӣ дахлдор будани моддаи зараровар корҳои кофтукобӣ бурда мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ