Савоби садақа Имом-хатиби масҷиди Хӯҷа Абду БЕРУН


Садақа – ин амали хайре мебошад, ки бояд аз дили соф дода шавад. Дар бисёр мавридҳо савол ба миён меояд, ки оё ба шахси гуноҳкор ҳам садақа додан мумкин аст? Дар ин бора Имом Бухорӣ ҳадисе (боби Закот, 14) нақл намудаанд, ки мазмунаш чунин аст:
Рӯзе шахсе бо нияти садақа додан шабона аз хона баромад ва ба одаме, ки рӯ ба рӯ омад, пул дод. Рӯзи дигар дар шаҳр овоза шуд, ки имшаб касе ба дузд садақа додааст. Инро он шахс шунида шукрона кард ва ба худ гуфт, ки имшаб ҳам, албатта садақа хоҳам дод. Ӯ аз нав шабона ба роҳ баромад ва ба як зан пул дод. Боз овоза шуд, ки касе ба зани сабукпо садақа додааст. Он шахс боз шукрона карда, ба садақадиҳӣ ваъда дод. Бори сеюм ӯ надониста ба як шахси сарватманд садақа дод. Боз дар шаҳр овоза шуд. Он шахс ба дил гуфт: «Эй Аллоҳ, шукри худат, ки ман ба дузд, зани гуноҳкор ва шахси сарватманд садақа дода тавонистам». Ба ивази самимияташ ӯ дар хоб дид, ки ба ӯ мегуфтанд: «Шояд садақаи ту дуздро аз дуздӣ боздорад, зани гумроҳро аз кардааш пушаймон кунад, сарватмандро ба ёрӣ расондан ба мӯҳтоҷон сабаб шавад».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ