АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ Зиёратгоҳи Махдуми Аъзам Ф.ШУКУРЗОДА


Дар замини Самарқанд аз азал илмҳои диниву дунявӣ ривоҷ ёфтааст. Аз ин боис, ҷӯяндагони илму маърифат доимо ба ин диёр омада, аксари онҳо дар ин ҷо абадӣ маскан гирифтаанд.
Яке аз чунин зотҳои бузург ҳазрати Махдуми Аъзам мебошад. Номи аслии ӯ Саййид Аҳмад Хоҷаи Косонӣ буда, тахминан солҳои 1483-84 дар водии Фарғона ба дунё омадааст. Ӯ баъд аз таҳсили илм бо таклифи ҳукмдори Шайбониён Ҷонибек Султон ба воҳаи Миёнколи Самарқанд кӯчида меояд. Ин ҷойро обод карда, 10 бех бед мешинонад. Баъдтар ин ҷой номи Даҳбедро гирифт.
Ҳазрати Махдуми Аъзам донишманди тариқати Нақшбандия буда, аз худ шогирдони зиёд ва бештар аз 30 асар боқӣ гузоштааст. Ӯ соли 1542 дар Даҳбед вафот намуд.
- Масҷиди “Махдуми Аъзам” аз ҷониби ҳокими онвақтаи Самарқанд Ялангтуш Баҳодур соли 1619 сохта шудааст. Чиноре, ки дар ин ҷо мавҷуд аст, 500 сол умр дорад,  - гуфт имоми масҷиди Махдуми Аъзам Насрулло Исломов.  — Дар атрофи чинор нишастгоҳҳо гузошта, барои зиёраткунандагон шароити мувофиқ омода карда шуд. Ба шарофати Истиқлол мавзеи Даҳбед ниҳоят обод гардид. Соли 1991 зиёратгоҳ таъмир гардида, аз нав ифтитоҳ ёфт. Соли 1998 пурра аз таъмир бароварда, соли 2014 корҳои ободонӣ амалӣ гардид ва ҳамон сол Хазинаи мустақили ғайридавлатии хайрия ташкил шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ