Ҳикоят   Гуфтори ҳакимона

Ҳикоят Гуфтори ҳакимона

  • Post category:Фарҳанг

Ҳакиме шогирде дошт. Шогирд рӯзе аз устоди худ пурсид:

  • Чӣ чиз аст, ки ҳамеша дили инсонро мебарад?
    Ҳаким гуфт:
  • Тамаъ.
    Пурсид:
  • Дар ин ҷаҳон кӣ бегона аст?
    Гуфт:
  • Он ки нодонтар мебошад.
    Пурсид:
  • Дар ин ҷаҳон кӣ некбахттар?
    Гуфт:
  • Он ки кирдорашро бо саховат биорояд ва гуфторашро -ба ростӣ.
    Пурсид:
  • Нишони дӯсти хуб чист?
    Гуфт:
  • Он ки хатои ту пӯшад ва туро панд диҳад бар он ва роз ошкор накунад ва бар гузашта нагӯяд: “Чунин мебоист мекардӣ”.
    Пурсид:
  • Аз илм омӯхтан чӣ ёбам?
    Гуфт:
  • Агар бузург бошӣ, номдор шавӣ ва агар дарвеш бошӣ, тавонгар гардӣ.
    Таҳияи Бахтиёри Ҷумъа
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ