Суханро вазну тамкини замин бояд…

Суханро вазну тамкини замин бояд…
  • Post category:Фарҳанг

Бештар касоне, ки мехоҳанд дар бораи устод Муъмин Қаноат нависанд, ин байташро ҳамеша ё зикр менамоянд ва ё ҳаддиақал ба он ишора мекунанд:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.
Устоди шоирони муосири тоҷик. Дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст. Бахусус достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва достонҳои таърихиаш мондагортарин асарҳо дар адабиёти тоҷиканд. Дар ҳамаи жанрҳои адабӣ шеър гуфтааст, вале дар достонсароӣ беш аз дигарон муваффақ будааст.
Муъмин Қаноат 20 – уми майи соли 1932 дар деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ў баъди хатми мактаби миёна ба факултаи филология Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил мешавад ва онро соли 1956 ба итмом мерасонад. Сипас фаъолияташро дар маҷаллаи «Садои Шарқ»оғоз мекунад.
Маҷмӯаи нахустини ашъори ў бо номи «Шарора» (соли 1960) ва дуюмаш «Ситораҳои замин» (соли 1963) ба табъ мерасанд ва сипас китобҳои дигари ў пайи ҳам рўйи чоп меоянд.
Минбаъд ў ба жанри достон рў меоварад ва достонҳои «Мавҷҳои Днепр», «Достони оташ», «Суруши Сталинград», «Тоҷикистонисми манн»,» Гаҳвари Сино», «Падар», «Ситораи Исмат» «Ҳамосаи дод» ва «Масъуднома» маҳсули эҷоди ин адиби суханпардоз аст.
Соли 1977 Муъмин Қаноат барои достонҳои «Сурўши Сталинград» ва «Тоҷикистон исми ман» сазовори Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шўравӣ мегардад ва соли 1980 барои достони «Гаҳвораи Сино» ба дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ноил мегардад.

Достонҳои ў саршори андешаҳои фалсафӣ буда, дар онҳо рўҳи баланди ватандўстӣ, инсонпарварӣ дўстии байни миллатҳо ситоиш ёфтаанд. Намунаи осор ва китобҳои алоҳидаи ў борҳо ба забонҳои русӣ, украинӣ, арабӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ўзбекӣ, тоторӣ, чехӣ, булғорӣ ва дигар забонҳои олам тарҷума ва чоп шудааст ва ў низ асарҳои суханварони бузурги дунё, аз ҷумла Пушкин, Шекспир, Митскевич, Маяковский, Марссинкяевичус ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардон кардаааст .
Дар баробари фаъолияти эҷодӣ ў боз дар вазифаҳои масъул кор карда, барои рушди илму фарҳанги тоҷик саҳми босазо гузоштааст.
Соли 1968 ў муовини аввали раис ва аз 1976 то 1991 котиби якуми Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Пажўҳишгоҳи осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистонро сарварӣ кард.
Тайи солҳои 1996-2000 ў муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон солҳои 2001-2011 муовини раиси Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Абўабдулло Рўдакӣ буд.
Ў узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, чандин маротиба вакили мардумӣ дар Шўрои Олии Тоҷикистон интихоб шудааст. Барои рушди адабиёт ў бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо қадр карда шудааст ва соли 1991 вай ба унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон ноил мегардад.
Ин шеър аз устод Муъмин Қаноат аст, ки меорем:

МАНУ ШАБҲОИ БЕХОБӢ
Ба ёди мӯи шабранги ту
Шабро то саҳар бурдам,
Нанолидам,
Агарчи умри булбулро ба сар бурдам.
Сарам дар бистари қу
Гӯӣ дар гирдоб меғӯтид,
Нигоҳам то саҳар дар шӯълаи маҳтоб меғӯтид,
Ки шояд дар лаби дарё
Туро ёбам тани танҳо,
Бигӯям бо лаби хомӯш дар гӯшат
Диламро — достонамро,
Супорам дар таҳи боли ту ҷонамро…
Чӣ лутф аст ин,
Ки ногаҳ омадӣ дар хоби ширинам,
Нишастӣ дар барам, болид болинам,
Сафедӣ ёфтӣ дар мӯи мушкинам.
Туро чун тифл бӯидам,
Туро чун тифл бӯсидам.
Ту хандидӣ,
Зи лабхандат саҳар омад,
Парӣ гаштӣ,
Паридӣ, аз сарам рафтӣ,
Ба мисли хоб аз чашми тарам рафтӣ.
Зи ҷо ҷастам,
Ки аз пуштат кунам парвоз,
Барорам бо фалак овоз,
Зи худ растам,
Вале дидам;
Маро дар пой занҷир аст,
Садо бархост аз занҷири тиллоӣ:
Магар овози занҷир аст,
Ё овози тақдир аст?..
Бирафтӣ, монд афсона,
Ҳамон болин, ҳамон хона;
Тую шабҳои маҳтобӣ,
Ману шабҳои бехобӣ…

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ