Субъектҳои соҳибкории хурд то 1-уми сентябр аз пардохти андози амвол ва андози замин озод карда шуданд

Субъектҳои соҳибкории хурд то 1-уми сентябр аз пардохти андози амвол ва андози замин озод карда шуданд


Бо мақсади ҳавасмандгардонии афзоиши иқтисодӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ, барқарор кардани суръати истеҳсолот, баланд бардоштани шуғл, зиёд гардондани даромади аҳолӣ ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус фармони Президенти мамлакат “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемияи коронавирус” имзо гардид. Мувофиқи фармон дар давраи аз 1 июн то 1 сентябри соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурд, бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдо, кинотеатрҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, иншооти варзишиву солимгардонӣ, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки бо мусофиркашонӣ, хизматрасонии маишӣ, пешниҳоди манзил ба иҷора, аз ҷумла барои гузарондани зиёфатҳо машғуланд, аз додани андози амвол ва андози замин озод карда шуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ