АНДЕШАҲОИ БУЗУРГОН ДАР БОРАИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

АНДЕШАҲОИ БУЗУРГОН ДАР БОРАИ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ
  • Post category:Фарҳанг

Сотим Улуғзода, нависандаи халқии Тоҷикистон:
«Лоиқ баробари ба майдони адабиёти кунунии тоҷик ворид шудан худро ба сифати шоири ҷавони хеле боистеъдод муаррифӣ намуд».

Абдунабӣ Сатторзода, профессор:
“Лоиқ касест, ки шеъри муосири тоҷикиро ба асолати азалияш баргардонд. Вай дар ин роҳ кӯшишҳои нотамоми устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзодаро тамомӣ бахшид. Миёни шеъри кунунии тоҷикӣ ва осори мондагори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлавӣ, Соиб, Калими Кошонӣ ва Бедил пуле эҷод кард, миёнҷӣ шуд. Шоирони имрӯзаи тоҷик бо осори саромадони худ ошноӣ доштанд ва гоҳ-гоҳ аз он истифода ҳам мекарданд. Лекин Лоиқ нахустин фардест аз миёни эшон, ки ҷавҳари шеъри пешиниёнро барои муосиронаш кашф намуда, суннатҳои адабии онҳоро аз нав зинда гардонид – бо пайравиҳояш, бо илҳом гирифтанҳояш, бо офаридани «Ҷоми Хайём», «Илҳом аз «Шоҳнома», «Дафтари ғазалиёт», «Резаборон», бо забони тоҷикии ширадораш, бо ҳунари расои маъниофаринӣ ва тасвиргарияш. Вай дар воқеъ тавонист, ки «шеърҳои гуфтаву ногуфта»-и миллаташро, ба таъбири худаш, «боз гӯётар, боз бурротар, боз гиротар ва боз аълотар» бигӯяд”.

Акбари Турсон :
“Лоиқ ҷиҳати офаридани шеъри ғаноӣ (лирикӣ) ба дараҷаи баланди тахассуси шоирӣ расид, аз ҳаммаслаконаш касе пояи ўро надошт”.

Фарзона, Шоираи халқии Тоҷикистон:
«Баъзе афрод шояд барои он менўшанд, ки аз дарду ғами худашон андак раҳо шаванд, аммо дарду алами як миллат, ғами замину замон ва тамоми башар бар дўши устод Лоиқ буд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ