Аз сабаби сирояти коронавирус шифохонаи «Хавоси» баста шуд

Аз сабаби сирояти коронавирус шифохонаи «Хавоси» баста шуд


Аз сабаби ошкор шудани сирояти бемории COVID-19 дар беморон ва кормандони тиббии филиали самарқандии Маркази илмии ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳуриявӣ, фаъолияти марказ аз 19-уми майи соли 2020 муваққатан боздошта мешавад.
Ба ин хотир, барои татбиқи корҳои безараркунонӣ ва шустушӯӣ дар филиал, 67 нафар беморе, ки дар марказ табобат мегирифтанд, ба филиали Маркази махсуси илмиву амалии тиббии травматология ва ортопедияи ҷумҳурӣ дар Самарқанд ҷойгир карда мешаванд.
Инчунин, то аз нав ба фаъолият оғоз намудани филиали самарқандии Маркази илмии ёрии таъҷилии тиббии ҷумҳуриявӣ ба аҳолии вилоят дар беморхонаҳои зерин муваққатан ёрии тиббии таъҷилӣ расонида мешавад:

  • хизматрасонии тиббии травматологӣ ва нейрохирургӣ (бо реаниматсия) — дар филиали Маркази махсуси илмиву амалии тиббии травматология ва ортопедияи ҷумҳурӣ дар Самарқанд;
  • хизматрасонии хирургӣ, урология, гинекология, ЛОР, педиатрия, терапия ва реаниматсия — дар клиникаи рақами 2-юми Донишкадаи тиббии Самарқанд;
  • хизмати тиббии комбустиология (сӯхтан) — дар Иттиҳодияи тиббии шаҳри Самарқанд;
  • хизмати токсикология ва ЭКД — дар Маркази тиббии бисёрсоҳаи вилоят.
    Ғайр аз ин, ба шумо маълумот медиҳем, ки дар диспансери кардиологии вилоят, маркази вилоятии барқарорсозӣ ва протези ногироён, инчунин, дар шифохонаи бемориҳои чашм, шаҳрвандони шаҳр, ки бо беморони гирифтори коронавирус дар мулоқот шудаанд, карантин мешаванд.

Хизмати матбуоти Садорати ҳифзи тандурустии вилоят.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ