Яке аз фоидаҳои беҳтарини рӯзадорӣ Таҳияи МАЛИКА

Яке аз фоидаҳои беҳтарини рӯзадорӣ Таҳияи МАЛИКА

  • Post category:Саломатӣ


Баланд бардоштани иммунитети одам яке аз масъалаҳои асоситарини инсонҳову шифокорон гардидааст. Бисёриҳо барои зиёд кардани иммунитети худ витамину доруҳои гуногунро истеъмол мекунанд. Лекин барои одамоне, ки иммунитети заиф доранд роҳҳои табиии табобати он низ мавҷуд аст. Тадқиқгарон боз як усули оддии табобати ин бемориро ёфтанд, ки онро сарфи назар аз синну сол бепул истифода бурдан мумкин мебошад. Ин роҳ ба воситаи доштани рӯза будааст. Аниқ карда шуд, ки ҳангоми рӯзадорӣ таначаҳои сафедаи организми инсон нав мешавад. Барои пурра барқароршавии иммунитет бошад, 3 рӯз лозим аст. Аз рӯйи тадқиқоти олимони Донишгоҳи Калифорния маълум шуд, ки дар вақти рӯзадорӣ ҳатто иммунитети пиронсолон ҳам барқарор мешудааст. Боз онҳо таъкид кардаанд, ки дар давоми рӯзадорӣ ҳуҷайраҳои хунгузарӣ организм бар зидди инфексияҳо ҳаракат карда, барои пайдо шудани таначаҳои нави хунгузар кӯмак мерасонад. Ҳамчунин қайд шуд, ки кашфиёти мазкур асосан барои одамҳои иммунитети заифдошта, алалхусус барои беморҳое, ки химиотерапия гирифтаанд фоидаовар аст.

  • Рӯзадорӣ барои ривоҷёбии ҳуҷайраҳои хунгузар ва барқароршавии системаи пурраи онҳо ёрӣ медиҳад, — гуфт доктори фанҳои геронтология ва биологияи донишгоҳи Калифорния Валтер Лонго.
    Ба фикри ӯ дар мобайни рӯзадорӣ организми инсон ҳуҷайраҳои нодаркори системаи иммунитет асосан зарар дидагиҳояшро нав карда, энергия медиҳад. Тадқиқгарон аз ин навгонӣ хабардор шуда, дар давоми шаш моҳ мунтазам аз ду то чаҳор рӯз рӯза дошта меоянд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ