70 — то инвестор барои иштирок дар тендер ариза дод

70 — то инвестор барои иштирок дар тендер ариза дод

Аз 30 мамлакат 70-то ширкат ва консорсиум аз рӯйи бунёди истгоҳи бодии барқӣ баробар ба 100 МВт дар Ӯзбекистон ариза дод. Аризаҳо то 13-уми майи соли ҷорӣ қабул гардиданд. Истеҳсолгарони мустақили қувваи барқ аз ҷониби вазоратҳои энергетика, инвеститсия ва савдои беруна ва Агентии ривоҷи шарикии давлатӣ-хусусии назди Вазорати молия барои иштирок ба лоиҳа таклиф шуданд. Бино ба хабари хизмати матбуоти вазорати энергетика ғолибони тендер дар доираи лоиҳаи мазкур ба коркарди объектҳо, молиякунонӣ, бунёд кардан, ба соҳибӣ ва фоидабарии онҳо иштирок мекунанд. Лоиҳа аз ҷониби Бонки барқарор ва рушди Аврупо дар доираи ҳамкорӣ амалӣ мегардад. Истгоҳ дар ноҳияи Қораӯзаки Қароқалпоқистон сохта мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ