Тафтишот давом дорад

Тафтишот давом дорад

Мувофиқи маълумоти хизмати матбуоти Сарпрокуратура бар асоси барномаи давлатӣ барои солҳои 2017 — 2019 ба шӯъбаи вилоятии ҶС » Муассисаи минтақавии шабакаҳои электрии Самарқанд » рухсат дода буданд,ки аз муассисаҳои » Узэлектроаппарат — Электрошит» ва » Тошэлектроаппарат » бо нархҳои шартномавӣ таҷҳизоти электрӣ харид кунад.

Вале шахсони мансабдори ҶС бо дигар муассисаҳо дар бораи хариди таҷҳизоти электрӣ шартнома баста,бо ин роҳ 5,4 млрд. сӯм маблағи буҷети давлатиро азхуд кардаанд.
Сарфи назар аз он ки муассисаҳои мазкур нимстансия ( подстансия ) — ҳои трансформаториро бо нархҳои нисбатан пасттар пешниҳод кардаанд,таҷҳизот аз компанияхои дигар гирифта шуда,ба манфиатҳои давлат ва ҷамъият хеле зарар расонда шуданд. Миқдори зарар 1,3 млрд. сӯмро ташкил кард.Аз рӯи ин факт нисбати шахсони мансабдори ҶС аз рӯи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноят парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.Тафтишот давом дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ