Стратегияи ислоҳоти низоми бонк тасдиқ гардид

Стратегияи ислоҳоти низоми бонк тасдиқ гардид

Бо назардошти вазифаҳои дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи ҳаракатҳо оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ» муайяншуда, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 2-юми марти соли 2020 № ФП – 5953 тасдиқ шудааст, инчунин, бо мақсади тағйири кулли бахши бонкӣ, ки ба ҳавасмандгардонии рушди сектори хусусӣ, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории бонкҳо, дастрасӣ ва сифати хидматрасониҳои бонкӣ нигаронида шудаанд, Фармони Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи Стратегияи ислоҳоти низоми бонки Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар солҳои 2020-2025» қабул гардид.
Мувофиқи фармон:

Бо фармон самтҳои асосии ислоҳоти сектори бонкӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон муқаррар карда шуд.

Бахусус, баланд бардоштани самаранокии низоми бонкӣ тавассути фароҳам овардани шароити баробари рақобат дар бозори молиявӣ, қарздиҳии қатъӣ дар асоси бозор, кам кардани вобастагии бонкҳо аз захираҳои давлатӣ, навсозии хидматрасониҳои бонкӣ ва ташкил кардани инфрасохтори муассир ва автоматикунонии фаъолияти бонкҳо, инчунин зина ба зина бекор кардани вазифаҳои ғайримуқаррарии бонкҳо чун самти асосии ислоҳоти сектори бонкӣ таъин гардид.

Стратегияи ислоҳсозии низоми бонкии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2025 тасдиқ гардид ва нишондиҳандаҳои мақсаднок оид ба татбиқи Стратегия муқаррар карда шуд.

Нишондиҳандаҳои мақсаднок масъалаҳои зеринро фаро мегирад:
баланд бардоштани ҳиссаи активҳои бонкҳо бе ҳиссаи давлат дар ҳаҷми умумии активҳои низоми бонкӣ аз 15 фоизи ҳозира то 60 фоиз то соли 2025;
баланд бардоштани ҳиссаи ӯҳдадориҳои бонк дар назди сектори хусусӣ дар ҳаҷми умумии ӯҳдадориҳо аз 28 фоизи ҷорӣ то 70 фоиз то охири соли 2025;
дар соли 2025 ҷалб намудани ҳадди ақалл се сармоягузори стратегии хориҷии дорои таҷрибаи зарурӣ, дониш ва шӯҳрат ба сармояҳои ҳадди ақалл се бонк бо ҳиссаи давлат;
баланд бардоштани ҳиссаи ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ дар ҳаҷми умумии қарздиҳӣ аз 0,35 фоизи кунунӣ то 4 фоиз дар соли 2025.

Дар асоси фармон бо кӯмаки институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳиссаи давлатии БСТ «Ипотека-­бонк», БСТ « Ўзсаноатқурилишбанк», БСТ «Асака», БСТ «Алоқабанк», БСТ «Қишлоқ қурилиш банк» ва БСТ «Туронбанк» зина ба зина хусусӣ гардонида мешавад. Дар зинаи аввал институтсионалии онҳо (трансформатсияи фаъолият) тағйир дода шуда дар давраи дуюм –саҳмияҳои пакети давлатӣ фурӯхта мешавад.

Дар сармояи оинномавии ҶС «Бонки миллии фаъолияти корҳои иқтисоди хориҷӣ», БСТ «Агробанк» ва БСТ «Микрокредитбанк» ҳиссаи давлатӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дар асоси талаботи танзим, инчунин аз нуқтаи назари иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани аз нав ташкил кардани онҳо тибқи қонунгузорӣ дар асоси ташхиси фаъолияти онҳо ва баҳогузории вазъи молиявӣ бонкҳои ҷудогона муттаҳид карда мешаванд.

Мувофиқи фармон дар назди Вазорати молия идораи лоиҳавӣ оид ба трансформатсия ва хусусигардонии бонкҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад. Ба Идораи лоиҳавӣ муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ