61 нафар ӯзбекистонӣ, ки дар Туркманистон адои ҷазо мекарданд, ба озодӣ баромаданд

Дар Ҷумҳурияти Туркманистон 61 шаҳрванди кишвари мо бар асоси авфи умум озод карда шуданд.
61нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар маҳбасҳои Ҷумҳурияти Туркманистон адои ҷазо мекарданд, мувофиқи қонуни авфи умум, ки дар он мамлакат эълон шудааст, ба кишвари мо баргардонида шуданд.
Мувофиқи маълумоти хизмати ахбори СКД-и вилояти Бухоро, 59 нафар мард ва 2 зан, аз ҷумла, 1 нафар аз вилояти Тошканд ва 2 нафар аз Навоӣ, 3 нафар аз Бухоро, 5 нафар аз Қашқадарё, 25 нафар аз вилояти Хоразм ва 24 нафар аз Ҷумҳурияти Қарақалпоқистон озод карда шудаанд.
Онҳо бо риояи тартиби қатъии карантинӣ аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии ноҳияи Олоти вилояти Бухоро ба қаламрави ҷумҳурият оварда шуда, ба муддати 14-рӯзаи махсуси карантини ноҳияи Юқори Чирчиқи вилояти Тошканд ҷойгир карда шуданд.
Дар байни онҳо, аз 5 нафаре, ки дар қаламрави Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҷустуҷӯ мешаванд, 3 нафарашон шаҳрвандони вилояти Хоразм ва 2 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурияти Қарақалпоқистон мебошанд. Ду нафарро мошини махсус ба ҷойи истиқоматӣ — Ҷумҳурияти Қарақалпоқистон фиристодода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ