Дар Туркманистон 61 нафар ӯзбекистонӣ афв гардид

Дар Туркманистон 61 нафар ӯзбекистонӣ афв гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Бар асоси акти амнистияи дар Туркманистон эълонгардида 61 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ин мамлакат ҷозо мегиранд, ба озодӣ баромада, ба Ватан баргаштанд. Дар ин бора Садорати корҳои дохилии вилояти Бухоро хабар дод. Афвшудаҳо ба муддати 14 рӯз дар маркази карантин ҷойгир мешаванд. Барои маълумот: Президенти Туркманистон рӯзи 16-уми май ба муносибати шаби Лайлатулқадр амнистия эълон кард. 1402 нафар маҳбус афв гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ