Ҳаҷми захираҳои байналхалқии Ӯзбекистон аз 31 миллиард доллар гузашт

Ҳаҷми захираҳои байналхалқии Ӯзбекистон аз 31 миллиард доллар гузашт

Ҳаҷми «болинчаи бехавфӣ» — и Ӯзбекистон аз 31 миллиард доллар гузашт. Бонки Марказии Ӯзбекистон статистикаи захираҳои тилло-валютаи Ӯзбекистонро нав кард. Бино ба ҳолати 1-уми майи соли 2020 захираҳои расмӣ 31,2 миллиард долларро ташкил кард. Захираҳои Ӯзбекистон суст диверсификатсия кунонида шудааст. Барои ҳамин, қариб ҳамаи миқдор дар байни захираи тилло (18,5 миллиард доллар) ва активҳои валютаи хориҷӣ (12,3 миллиард доллар) тақсим гардидааст. Ӯзбекистон барои молиякунонии импорти 16-моҳа ба захираи кофӣ соҳиб буданаш маълум шуд. Ин аз нишондоди тавсиягардида зиёд аст. Пештар оиди аз 30 миллиард доллар афзудани ҳаҷми захираҳои байналхалқии Ӯзбекистон хабар дода шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ