Аз рӯйи дар байни қаторҳои ниҳолҳои пахта ба роҳ мондани таҷрибаи андиҷонии маҳсулотрасонӣ тавсия гардид

Аз рӯйи дар байни қаторҳои ниҳолҳои пахта ба роҳ мондани таҷрибаи андиҷонии маҳсулотрасонӣ тавсия гардид

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21-уми май ба вилояти Андиҷон омад. Роҳбари давлат нахуст дар хоҷагии фермерии «Кӯҳна водий баҳори»- и ноҳияи Олтинкӯл шуда, ривоҷи ғалла ва ниҳолҳои пахтаро аз назар гузаронд. «Дар давлатҳои хориҷии шароити иқлимаш ба диёрамон монанд аз пахта то 70-сентнерӣ ҳосил мегиранд. Чӣ хел карда? Андиҷониҳо бо илм, бо ақл кам будани заминро ба ҳисоб мегиранд. Аз он самаранок фоида мебаранд. Ҳазорҳо нафар одамони бекор, камдаромад ҳастанд. Ба корамон бо чашмҳои онҳо баҳо доданамон даркор»- гуфт Президент. Роҳбари давлат аз рӯйи дар байни қаторҳои ниҳолҳои пахта ба роҳ мондани таҷрибаи андиҷонии маҳсулотрасонӣ нишондодҳо дод. «Фермер ба саҳро барои нақша не, барои даромад даромаданаш даркор. Соя кишта шавад, аз як майдон аз ду баробар зиёд даромад кардан, боз одамони бисёрро бо кор таъмин кардан мумкин. Равғани аз он мегирифта ҳам, еми омехта ҳам бисёр босифат, бозорбоб. Дуруст, ин мушкил. Аммо кадом кор осон?» савол монд Шавкат Мирзиёев. Таъкид гардид, ки бо мақсади ривоҷдиҳии агротехнологияҳо дар асоси филиали андиҷонии Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд дар самти хоҷагии қишлоқ муассисаи алоҳидаи таълими олӣ ташкил намудан муҳим аст. Майдони умумии хоҷагии фермерии «Кӯҳна водий баҳори» қариб 76 гектар. Дар соли ҷорӣ аз ҳар гектари ғаллазор 20-сентнерӣ, аз ҳар гектари пахтазор 10 -сентнерӣ гирифтани ҳосили иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳосилдории ғалла 81-сентнерӣ шуданаш дар назар аст. Дар хоҷагии фермерӣ 60 нафар бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъминанд.Чорводорӣ, занбӯри асалпарварӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо тақдимотҳо аз рӯйи кластерҳои пахтарасонӣ, ғалларасонӣ ва меваву сабзавотрасонӣ, инчунин, аз рӯйи ривоҷдиҳии соҳаҳои чорводорӣ баргузор гардид. Роҳбари давлат дар автобуси азнавҷиҳозгардида бо лабораторияи сайёри ташкилгашта шинос шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ