Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 5 миллион нафар гузашт

  • Post category:Ҷаҳон

Шумори ҳолатҳои сироят аз коронавирус дар ҷаҳон аз 5 млн нафар гузашт. Дар ин бора маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, ки дар вақти воқеӣ омори ҷаҳониро ҷамъоварӣ мекунад, шаҳодат медиҳад, менависад Медуза.
Бештарин теъдоди сироят — беш аз 1,5 млн нафар  ба ИМА рост меояд. Бо зиёда аз 308 ҳазор ҳолат Русия дар зинаи дуюм қарор дорад. Зинаи сеюмро зиёда аз 290 ҳазор ҳолат Бразилия ишғол мекунад.
Дар саросари дунё ҳамагӣ 328 ҳазор нафар аз коронавирус вафот карданд. . Зиёда аз 93 ҳазор фавт дар ИМА сабт шудааст. Дар зинаҳои баъдӣ Британияи Кабир (беш аз 35 ҳазор кас) ва Италия (зиёда аз 32 ҳазор нафар) қарор доранд. Ба сурати умум қариб 1,9 млн нафар шифо ёфтанд.
Дар Русия камтар аз се ҳазор ҳолатҳои фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, беш аз 85 ҳазор кас шифо ёфтааанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ