Моҳи мағфират ва барака Сӯҳбаторо Ф.ШУКУРОВ

Моҳи мағфират ва барака Сӯҳбаторо Ф.ШУКУРОВ


Доир ба фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон мухбири рӯзнома бо имом-хатиби Масҷиди ҷомеи Хӯҷа Абду Мӯъмини шаҳри Самарқанд ҳоҷӣ Ҷаҳонгир ҲОТАМОВ, хатмкардаи омӯзишгоҳи миёнаи махсуси исломии Мири Араби Бухоро мусоҳиба орост, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

  • Дар оғоз оид ба фаъолияти масҷиди ҷомеъ чанд сухан мегуфтед.
  • Масҷиди ҷомеи Хӯҷа Абду Мӯъмин дар маскани Сартеппаи шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Он соли 1885 таҳти роҳбарии Абдумӯъминбобо ном шахси валисифат бо роҳи ҳашар бунёд ёфтааст. Дар солҳои сохтори собиқ ба анборхонаи хоҷагӣ табдил дода, дар он ҳар хел моддаҳои кимиёвиро нигоҳ медоштанд. Бо шарофати истиқлолият масҷиди мо низ аз соли 1992 ба фаъолият сар кард. Дар солҳои охир қиёфаи он тамоман тағйир ёфта, даромадгоҳи ба худ хос, ҳавлии бофайз, таҳоратхонаи замонавӣ, афишаҳои гуногун, гулҳои рангоранг ва хонақоҳ ба масҷид ҳусн зам намудааст.
  • Дар моҳи Рамазон ба ҷуз ибодатҳои фарзӣ боз чӣ амалҳоеро бояд ба ҷо овард?
    - Рамазон моҳи шарифест, ки дар он Қуръони карим нозил гардида, моҳи барака, раҳмат, тақво, мағфират, наздик шудан ба Аллоҳ ҳисоб меёбад. Дар ин моҳ кас бояд қалбашро пок намояд, хусумату кинаро барҳам диҳад, ёрӣ ба ҳамсоягону хешовандон ва мурувват ба мӯҳтоҷон намояд, беморон, пиронсолони танҳомонда, ногироёнро хабар гирад, сари ятимонро сила намояд, ба дилҳо озор нарасонад, ба ҳаққи касе хиёнат накунад.
    Аллоҳ таоло дар сураи Бақара (ояти 183) чунин марҳамат намудааст: “Эй имон овардагон! Мисли он, ки ба (умматҳои) пешиниёни шумо фарз карда шуд, ба шумоён ҳам рӯза гирифтан фарз гардид, шояд (ба сабаби он) ботақво шавед”. Пайғамбарамон (с. а. в.) низ фармудаанд: “Касе, ки аз омадани моҳи Рамазон шод шавад, Аллоҳ таоло ҷисми ӯро ба оташи дӯзах ҳаром мегардонад” (аз “Ҷомеъ-ул-кабир”-и Имом Суютӣ).
  • Мавқеи рӯза имрӯз дар ҳаёти иҷтимоии мо чӣ гуна аст?
  • Алҳамдулиллоҳ, мусулмонони кишварамон ба қадри ин рӯзҳо расида, ба Аллоҳ шукрона мекунанд ва ибодатҳоро озодона ва боҳаловат ба ҷо меоранд. Ифтор ҳам барои мустаҳкамнамоии алоқаҳои иҷтимоӣ, муомилаи байниҳамдигарии одамон омили муҳим ба ҳисоб меравад. Аз ин сабаб, дар динамон ба он эътибори алоҳида дода мешавад. Дар ин бора Зайд ибни Собит (р) ривоят кардаанд, ки Пайғамбарамон (с. а. в.) фармудаанд: “Ҳар кӣ ба рӯзадоре ифтор диҳад, баробари аҷри ӯ савоб мегирад, аммо аз аҷри рӯзадор чизе кам намешавад”. Манфиатҳои рӯза хеле зиёд буда, аз ҷумла, ба воситаи он тақводории рӯзадор меафзояд, рӯзадор ба муқобили шайтон мубориза мебарад, шаҳвати инсон шикаста мешавад, қалби рӯзадор пок мегардад, гуноҳҳои ӯ мағфират карда мешавад, шахси рӯзадор ба сифати фариштагон медарояд, сабру бардошти ӯ зиёд мешавад, сифатҳои раҳму шафқаташ мустаҳкам мегардад.
  • Доир ба манфиатҳои рӯза ба саломатии инсон чиҳо гуфта метавонед?
  • Рӯза на танҳо барои барқарорсозии саломатӣ, балки барои давои бемориҳо низ усули муолиҷаи хубе мебошад, ки исботи илмӣ ёфтааст. Имрӯз мутахассисони зиёди тиббии мамлакатҳои ғайримусулмон низ бисёр бемориҳои паҳнгардидаро бо роҳи гуруснагии ихтиёрӣ муолиҷа менамоянд. Дар натиҷаи тадқиқоти илмӣ маълум гардидааст, ки рӯза ба бемориҳои шадид низ даво буда, кас агар солим будан хоҳад, бояд ҳар сол 28–30 рӯз ихтиёран гуруснагӣ намояд. Чунин ҳақиқатҳои маълумгардида оиди рӯза тасдиқи илмии ҳадиси шарифи 14 аср аз ин пеш гуфтаи Пайғамбарамон (с. а. в.) ба шумор меравад: “Рӯза гиред, саломат мегардед” (ривояти Имом Табаронӣ). Дар ин моҳи муборак ба ҳамаамон мисли нав аз модар таваллудёфта аз гуноҳҳо фориғ шуданро насиб гардонад. Омин!
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ