Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавирус ба 2350 нафар расид

Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавирус ба 2350 нафар расид
  • Post category:Ҷаҳон

Шабонарӯзи охир 210 ҳолати нави бемории Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19) иттилоъ додааст, ки то соати 19:09 дақиқаи имрӯз, 21-уми май дар ин мамлакат 2350 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор шуда, 44 кас бар асари он фавтидаанд.
1008 нафар шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ