Бонки ҷаҳонӣ: бо таъсири коронавирус 60 миллион аҳолии ҷаҳон камбизоат хоҳанд шуд

Бонки ҷаҳонӣ: бо таъсири коронавирус 60 миллион аҳолии ҷаҳон камбизоат хоҳанд шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки дар паи буҳрони бесобиқаи иқтисодӣ, ки ҳамагирии коронавирус дар пай хоҳад дошт, 60 миллион аҳолии ҷаҳон камбизоат хоҳанд шуд, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии инниҳод.
Бонк ҳамчунин хабар дода, ки феълан дар 100 кишвари дар ҳоли рушд, ки 70 дарсади аҳолии сайёра ба сар мебаранд, амалиёти фаврӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Дар баробари ин БҶ вазифадор шуда, ки то миёнаҳои соли 2021 ба маблағи 160 миллион доллар қарзҳои грантӣ ва кумаки молӣ ҷудо кунад.
Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Дэвид Мэлпас аз раҳбарияти кишварҳои қарздиҳанда даъват кард, ки ба ибтикори «20-гонаи бузург», ки барои пардохти қарзи як қатор кишварҳои рӯ ба рушд, мараторий эълон карданд, ҳамроҳ шаванд.
«Ин ҳамагирӣ аст ва исти рушди иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонад, 60 миллион одамро бенаво кунад ва кори барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатиро, ки чанд соли охир роҳандозӣ мешавад, ба ақиб кашад», — қайд кард Мэлпас.
Амалиёти дастгирӣ бояд барои ҳифзи ҳаёти мардум ва манбаъи даромади онҳо, ҳамчунин ҷиҳати суръат бахшидан ба барқарор кардани иқтисодиёт, равона шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ