Ҷашнҳои рӯзи 21 май дар ҷаҳон

Рӯзи байналмилалии кайҳон.

Дар Ҳиндустон – Рӯзи мубориза бо терроризм.

Рӯзи умумиҷаҳонии гуногунии фарҳангҳо баҳри гуфтугӯ ва рушд.

Соли 1851 дар Австралия аввалин маротиба тилло пайдо карда шуд.

Соли 1904  бо мақсади пайваст кардани федератсияҳои футболи миллӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани ин бозӣ дар Париж Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияи футбол, (ФИФА) ташкил карда шуд. Аввалин президенти ФИФА Робер Герен интихоб гардид.

Соли 2006 дар Черногория барои ба даст овардани Истиқлолият раъйпурсӣ баргузор шуд.

Соли 2007 дар шаҳри Душанбе Фестивали санъати мусиқии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Баҳористон» баргузор шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Санкт Петербург ҷаласаи 26-уми роҳбарони сохторҳои Шӯрои байнидавлатии мақомоти олии Иттиҳоди гумрукии Россия, Беларус ва Қазоқистон, Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авру Осиё дар сатҳи роҳбарони ҳукуматҳо ва Шӯрои роҳбарони Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ