Сактаи қалб миёни сигоркашон 12 маротиба бештар ба мушоҳида мерасад

Сактаи қалб миёни сигоркашон 12 маротиба бештар ба мушоҳида мерасад

  • Post category:Саломатӣ

Мувофиқи омори гуногун алҳол дар ҷаҳон беш аз 1,4 мил-лиард нафар ба тамокукашӣ одат кардаанд. Аз рўи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) ҳар сол аз бемо-риҳои вобаста ба тамокукашӣ дар дунё 5 миллион нафар мефавтанд. Агар тамокукашӣ бо ҳамин суръат идома ёбад, соли 2030 ин рақам ба 8-10 миллион нафар мерасад. Муҳаққиқони СУТ баъди таҳлилу омўзиши бисёрсола ба хулосае омаданд, ки марг миёни тамокукашон нисбат ба афроде, ки тамоку намекашанд, 30-80 фоиз зиёдтар аст.
Миёни гирифторони бемо- риҳои саратонӣ 95 фоизашон тамокукашонанд. Фавт аз саратон миёни сигоркашон нисбат ба афроди тамоку намекашидагӣ 20 маротиба зиёдтар аст. Сактаи қалб миёни сигоркашон 12 маротиба бештар ба мушоҳида мерасад. Махсусан, теъдоди ҷавонони то 40-сола, ки аз сактаи дил мефавтанд, зиёд шуда истодааст. Тибқи пурсишҳо 80 фоизи ҷавонони то 35-сола, ки аз сактаи қалб фавтидаанд, ҳанўз айёми мактабхонӣ ба сигоркашӣ шурўъ кардаанд. Сигоре, ки дуд мекунад, фабрикаи химиявиест, ки 4000 пайвастагиҳои зарарнок дорад. Аз онҳо 200 намудашон заҳри қаттоланд. ғайри аз саратони шуш ва бемории ишемиявии дил тамокукашон бештар аз шамолхўрӣ, захми меъда, бронхит, фишори баланди хун ва бемориҳои даҳону бинӣ азият мекашанд. Аз тамокукашӣ узвҳои шома (бўёӣ) ва зоиқа (чашоӣ) заиф мешавад. Ба тамокукашон инчунин сустшавии иммунитет, заъфи нерўи мардӣ ва безуриётӣ таҳдид мекунад. Заҳри никотини таркиби тамоку на танҳо ба сигоркаш, балки ба касоне, ки дар наздикии ў қарор доранд, зарар мерасонад. Дар занони тамокукаш ҳодисаи таваллуди атфоли норасида зиёд ба мушоҳида мерасад. Тамокукашон ҳамасола барои хариди тамоку муодили 100-500 доллар сарф мекунанд. Ин маблағро метавонистанд барои хариди маҳсулоти зарурии ғизоӣ, сайёҳати дохили кишвар ё истироҳат дар осоишгоҳ сарф намоянд. Афроди сигоркаш пул дода беморӣ мехаранд. Бори аввал дар ҷаҳон соли 1858 дар Япония фармон оид ба манъи тамокукашӣ содир шуда буд. Соли 1950 дар ИМА таҳқиқоти муфассал доир ба зарари тамоку оғоз шуд, ки дар он 40000 табибон ширкат намуданд. Аз ҳамон солҳо тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнўъ эълон шуд. Олимон муайян карданд, ки воридшавии ҳамагӣ 60 милиграмм никотин ба ҷисми инсон метавонад боиси ҳалокат шавад. Ин миқдор никотин дар як қуттӣ сигор мавҷуд аст. Тамокукашонро он чиз наҷот медиҳад, ки ин миқдор сигорро на якбора, балки дар давоми 2-3 рўз мекашанд. Аммо барои ашхосе, ки бо дуди сигор чандон ошно нестанд, миқдори камаш ҳам заҳр аст. Ҳар рўз дар сайёра 11 ҳазор нафар аз бемориҳои во-баста ба тамокукашӣ мефавтанд. Агар барои кашидани 1 дона сигор 5 диқиқа сарф шавад, барои 20 дона 100 дақиқа сарф мешавад. Фарз кардем, ки ин миқдор сигорро шахс дар як рўз мекашад. Пас 1 соату 40 дақиқаи ў дар як шабонарўз сарфи шуғле мегардад, ки ба саломатиаш зарар дорад.
Хушбахтона, солҳои охир вобаста ба зиёни тамоку дар васоити ахбори омма мақолаҳои зиёд ба табъ расида, тарзи солими ҳаёт тарғиб мешавад. Шояд баъди мутолиаи ин сатрҳо чанд нафари дигар аз ин одати бад даст кашида, саломатии худу фарзандонашонро аз зиёни заҳри тамоку ҳифз намоянд.

Гулчеҳра Ҷалилова, шифокори диспансери наркологии вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ