Ӯзбекистон: дар як рӯз 28 нафар гирифтори коронавирус аниқ шуда, 20 нафари онҳо аз байни аҳолӣ муайян гардид

Ӯзбекистон: дар як рӯз 28 нафар гирифтори коронавирус аниқ шуда, 20 нафари онҳо аз байни аҳолӣ муайян гардид

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, имрӯз, 21-уми май, дар мамлакат 28 нафар мубталои сирояти коронавирус аниқ шуд

Аз 28 нафаре, ки ба ин беморӣ гирифтор шуданд 20 нафараш аз байни аҳолӣ муайян карда шуданд. Аз Тошканд (12 нафар), аз вилояти Навоӣ (5 нафар) ва вилояти Самарқанд (3 нафар).

Вазорат гуфт, ки сабаби зиёд шудани беморӣ мардум ба меъёрҳои карантинӣ пурра риоя намекунанд.

«Дар ин рӯзҳо, бо сабаби тадриҷан сабук шудани маҳдудиятҳои карантини дар мамлакати мо, дарки озодӣ дода мешавад. Дар баъзе ҷойҳо аҳолӣ беасос дар кӯчаҳо қадам мезананд, қоидаҳои карантинро риоя намекунанд, ки хавфи сироятро зиёд мекунад», — омадааст дар гузориш.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз то соати 23:00 дар Ӯзбекистон шумораи сироятҳои коронавирус ба 2967 нафар расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ