Вохӯрии ҷонишинҳои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баргузор гардид

Рӯзи 21 май вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид.
Намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карда, ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагирии ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хос равона гардид.
Гуфта мешавад, тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.
Дар кори видеоконфронс муовини вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ