7 МАСЛИҲАТИ ДЕЙЛ КАРНЕГӢ БАРОИ ХУШБАХТ ВА МУВАФФАҚ ГАРДИДАН

7 МАСЛИҲАТИ ДЕЙЛ КАРНЕГӢ БАРОИ ХУШБАХТ ВА МУВАФФАҚ ГАРДИДАН

  • Post category:Фарҳанг

Дейл Карнегӣ — номест ба ҳама шинос, хосса барои онҳое, ки ба рушди шахсият ва кордонии худ аҳамият медиҳанд. Барои оне, ки бори нахуст бо ин ном рӯ ба рӯ мешавад, донистани он ки ин шахс омӯзгори бузург, адиби мумтоз ва муаллифи бисёр маҳфилҳои худомӯзӣ буд, кофист.
Дейл Карнегӣ дар оилаи фермери Миссурӣ ба дунё омадааст, ҳарчанд наврасиаш басо қашшоқона пушти сар шудааст, тавонист, ки дониш андӯзад. Воқеан, агар то ҳол ягон китобашро нахонда бошед, тавсия медиҳем, ки китоби «Чӣ тавр дӯстонро ба даст овард ва ба одамон таъсир расонд» — ро хонед. Ин китоб соли 1936 бори нахуст нашр шуд ва ба асари дӯстдошта табдил ёфт, онро ҳоло ҳам бо шавқ мехонанд. Ҳар сол ба ифтихори мавлуди Дейл Карнегӣ 24 ноябр дар ИМА Рӯзи ба даст овардани дӯстон ва таъсир расонидан ба одамон ё худ Рӯзи дӯстон таҷлил мегардад.
Яке аз ақидаҳои дӯстдоштаи ман, ки аз Карнегӣ баргирифтаам, ин ҳамон аст, ки метавонӣ ба муносибати дигарон нисбат ба худ ба он ба таври дигар назар андохта, маъниашро тағйир бидиҳӣ. Дар ин бобат биандешед, онро қабул фармоед ва шояд ин зиндагии шуморо дигаргун созад. Ҳамчунин Карнегӣ муаллифи 7 маслиҳати пешрафт аст, ки дар гурӯҳ дар бораи онҳо бароятон маълумот медиҳем.

1⃣ БЕАМАЛӢ — ТАВЛИДКУНАНДАИ ТАРС
«Беамалӣ офарандаи шубҳа ва тарс буда, амал офарандаи боварӣ ва далерист. Агар хоҳӣ, ки тарсро мағлуб созӣ, дар хона нашин ва пайваста дар андеша бош. Аз хона баро ва ба амал оғоз намо».
Ба амал аз ҳамин рӯз оғоз бахш! Агар идеяи тоза дошта бошӣ бисанҷ. Беамалӣ беамалии аз ҳад зиёд кароҳатангез ба бор меорад, амал бошад зояндаи амали фаъолтар аст. Як чизро аниқ медонам: агар комёбӣ ба даст овардан хоҳӣ, ҳамеша дар амал бош, аз ин рӯ, аз ҳоло амал намо!

2⃣ ВАҚТИ ХУДРО САМАРАНОК ИСТИФОДА БАР
«Ба ҷойи он ки хавотир бикашӣ, ки одамон дар бораи ту чӣ мегӯянд, чаро ҳамин вақтро барои иҷрои кори фоиданок сарф намекунӣ, то ки онҳо аз ин ба шавқ оянд».
Вақтро дар фикри он, ки дигарон дар бораи ту чӣ андеша доранд, гузарондан, аз даст додани умри гаронбаҳост. Фикрро ба як нуқта равона намуда, як чизи фавқулода бисоз, то дигарон бинанду эҳтиром гузоранд.

3️⃣ НОКОМӢ ЗИНАЕСТ СӮИ МУВАФФАҚИЯТ
«Аз хатоиҳо омӯз. Ноумедӣ ва нокомӣ ду зина ба сӯи комёбиҳост».
Одатан, касе, ки ба мағлубияти бузург мувоҷеҳ гаштааст, ғалабаҳои комил ҳам дошт. Шумо бояд ноумедӣ ва нокомиро ҳамчун восита истифода баред, то ки тавонанд шуморо аз коза ба қаср расонанд.

4️⃣ МО БАХТИ ХУДРО МУАЙЯН МЕНАМОЕМ
«Хушбахтӣ аз кадом як шароити берунӣ вобаста нест; ҳолати рӯҳии мо асоси хушбахтист». Хушбахтӣ интихоб аст; он чизе, ки дар атрофи мо рӯй медиҳад, асоси хушбахтӣ нест. Вай аз он аст, ки дар ботини мо чӣ зуҳур дорад. Асоси хушбахтӣ андеша аст, ки ҳамин лаҳза мо ба он диққат медиҳем.
Дейл Карнегӣ гуфтааст: «Муҳим он нест, ки шумо чӣ доред, шумо кӣ, шумо дар куҷо ва ё шумо чӣ кор мекунед, то ки хушбахт бошед ё ки бадбахтед. Муҳим он аст, ки шумо дар ин бобат чӣ андеша доред».

5⃣. ДАР ЁД ДОРЕД, ҲАР КОРЕ, КИ МЕКУНЕД, ХУСУСИЯТЕ ДОРАД
«Танҳо чор тарзи робитаи мо бо дунё вуҷуд дорад. Аз рӯи чор нишона ва ё сифат мо ба ҳама чиз баҳо мегузорем ё шарҳ медиҳем: мо чӣ кор мекунем, мо чӣ хел ба назар менамоем, мо чӣ мегӯем ва мо чӣ хел гап мезанем».
Ҳар коре, ки мекунед, хусусияте дорад. Яъне, чӣ тарз либос мепӯшед, чӣ гуна мӯйи сарро оро медиҳед, барои атрофиён маълумоте медиҳанд. Бо ин роҳ шумо мекӯшед худро ба атрофиён ифшо созед, мехоҳед ба онҳо маълумоте расонед.
Масалан, қаду қомати расо нишонаи онанд, ки шумо варзишро дӯст медоред, дар зиндагӣ мавқеи фаъолона дошта, тарафдори тарзи ҳаёти солимед. Сару либоси шинами корӣ бозгӯйи он аст, ки шумо соҳибкор, шахси корчаллон буда, ба боварӣ баҳои баланд медиҳед ва ғайра. Инро метавон ба маънои баръакс низ истифода бурд. Такрор кунед, рафтори одамони комёбро «нусха» бардоред ва рӯзе худ чунин мешавед.

6⃣ КОРЕРО КУНЕД, КИ МАЪҚУЛ АСТ
«Одамон муваффақ намешаванд, то даме, ки аз фаъолияти худ лаззат набаранд».
Агар хоҳӣ, ки муваффақ бошӣ, барои пул кор накун. Пул барои бартараф сохтани монеаҳо дар роҳи расидан ба комёбӣ ҳама вақт ҳавасманд

намекунад. Агар хоҳед, ки муваффақ бошед, ба коре даст занед, ки лаззат бахшад. Он гоҳ аз пешрафти худ ҳаловат хоҳед бурд.

7⃣. ТАВАККАЛ КУНЕД
«Шахсе, ки тайёр аст аз дигарон пеш равад, чун қоида, нотарс ва далер аст».
Шумо бояд таваккал кунед. Барои ба даст овардани комёбӣ гоҳо таваккал намудан даркор, натарсед, ки чизеро аз даст хоҳед дод ё ба нокомӣ мувоҷеҳ мегардед.
Карнегӣ гуфтааст: «Ҳар яки мо дорои имконе ҳастем, ки дар борааш тасаввуроте надорем. Мо аз иҷрои коре баромада метавонем, ки ҳатто дар орзуяш нестем». Вале шумо ба иҷрои кор тасмим нагиред, ҳеҷ гоҳ аз қобилият ва имкониятҳои худ бохабар намешавед.
Ана ҳамин гуна тавсияҳо медиҳад адиби амрикоӣ.

Тарҷумаи Қ.МАДАЛИЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ