Таҷрибаи Андиҷон, «Деҳаҳои замонавӣ» ва «сити» ҳо — навиди асосӣ аз ташрифи Президент ба Андиҷон

Таҷрибаи Андиҷон, «Деҳаҳои замонавӣ» ва «сити» ҳо — навиди асосӣ аз ташрифи Президент ба Андиҷон

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон рӯзҳои 21-22-юми май дар вилояти Андиҷон шуда, бо лоиҳаҳои амалигардидаистода шинос шуд. Президент нахуст, дар хоҷагии фермерии «Кӯҳна водий баҳори» — и ноҳияи Олтинкӯл шуда, бо таҷрибаи корҳои деҳқонии кишоварзон шинос шуд. Дар шаҳри Андиҷон омада, ба мавзеи истиқоматии навбунёд (биноҳои 7 ва 16 ошёна) ташриф овард. Меҳмони яке аз хонадонҳо шуд. Ба ноҳияи Марҳамат шуда, кластери харгӯшпарвариро дидан намуд. Дар ин ҷо оиди салоҳияти корхонаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ маълумот дода шуд. Аз рӯйи дар вилоят зиёд кардани истеҳсоли еми омехта, ба 1 миллион сар расондани харгӯшҳо супоришҳо дода шуд. Барои деҳаҳои Бӯстонободи ноҳияи Пахтаобод ва «Янги ҳаёт»-и ноҳияи Қӯрғонтеппа хонаҳои бисёрошёнаи замонавӣ сохта мешавад. Президент технопарки нав бо номи «Digital City» — дар шаҳри Андиҷон барпогардидаро дидан намуд. Рӯзи 22-юми май дар шаҳри Андиҷон бо иштироки ҳокимони вилояти Андиҷон, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони соҳаҳои иқтисодиёт ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҳар як сектор «штаби бартарафсозии камбағалӣ» ташкил мегардад. Ба ин штабҳо вакилони идораҳои иқтисодиёт, меҳнат, андоз ва бонк вобаста карда мешаванд. Ҳаққи кори онҳо ба миқдори натиҷаҳои бадастовардаашон вобаста мешавад. Фаъолияти Аэропорти байналхалқии Андиҷон барқарор мешавад. Дар ноҳияи Асака «Ӯзавтосаноат» Asaka City бунёд мекунад. Роҳбари давлат бо корҳои сохтмонии ноҳияи Хӯҷаобод (биноҳои бисёрошёнаи замонавӣ) шинос шуд. Сифати сохтмон ба талаб ҷавоб намедиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ