Америка Ҷанубӣ — маркази нави паҳншавии инфексияи коронавирус

Америка Ҷанубӣ — маркази нави паҳншавии инфексияи коронавирус

  • Post category:Ҷаҳон

Расмиёни Ташкилоти ҳифзи тандурустии ҷаҳонӣ маълум карданд, ки Америкаи Ҷанубӣ ба маркази нави паҳншавии инфексияи коронавирус табдил ёфт. Бино ба хабари RIA Novosti дар ин бора директори ТҲТҶ Майкл Райан маълум кард. Таъкид мешавад, дар Бразилия (асосан дар шаҳри Сан-Паулу) одамони зиёд бемор шуда истодаанд. «Америкаи Ҷанубӣ ба маркази нави паҳншавии инфексияи коронавирус табдил гашт. Мебинем, ки дар мамолики зиёди ин қитъа шумораи беморони коронавирус зиёд мешавад.» гуфтааст Райан. Айни замон дар Бразилия беш аз 330 ҳазор ҳолати зарарёбӣ аз коронавирус қайд гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ