Мири шаҳри Тантараи Перу қоидаҳои карантинро вайрон кард. Баъд…

Мири шаҳри Тантараи Перу қоидаҳои карантинро вайрон кард. Баъд…
  • Post category:Ҷаҳон

Шаҳрдоре дар Перу аз пулис барои нақзи қарантина ва фирор аз ҷазо дар дохили тобут ҷой шуд. Мансабдор соатҳои комендантиро, ки чанде пеш худи онҳо ҷорӣ карда буданд, вайрон кардааст.
Мири шаҳри Тантараи Перу дар тобут хобида, худро гӯё мурда нишон дод, то барои нақзи қарантин ҷазо нагирад, гузориш медиҳад RT. 
Хайме Роландо Урбина Торрес, мири шаҳрро шоми 18 май ҳангоми шаробнӯшӣ бо дӯстонаш мушоҳида карданд.
Замоне, ки пулис ба назди онҳо омад, дӯстони шаҳрдор ҳама ба ҷевонҳо руст шуданд ва ӯ ба тобуте, ки дар наздикӣ кушода буд, даромад ва худро мурда нишон дод.
Акси шаҳрдор бо ниқоб  хобида дар дохили тобут дар шабакаҳои иҷтимоӣ сайр мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми санҷиш Торрес маст будааст.
Чораҳои карантинӣ дар Тантаро сар аз 9 май ҷорӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, сокинони маҳаллӣ борҳо аз муносибати бепарвоёнаи Торрес нисбат ба бехатарӣ ҳангоми пандемия изҳори норозигӣ намуда, дар асл ӯро маҷбур карданд, ки соатҳои комендантӣ ҷорӣ кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ