Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар бораи парвозҳои чартерӣ, ки фардо ба амал меояд маълумот медиҳад


Пагоҳ, 24-уми май, соати 11:00, парвози чартерӣ дар хатсайри «Тошканд — Шарҷа — Тошканд» анҷом дода мешавад.

Рӯихати шаҳрвандон аз ҷониби муассисаҳои консулӣ тартиб дода шуда, ба ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» пешниҳод карда мешаванд ва дар асоси ин рӯйхат шаҳрвандон ба ҳавопаймо ворид мешаванд.
Ба ин рӯйхат, пеш аз ҳама, шаҳрвандони бемор, занони ҳомиладор ва онҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, инчунин шаҳрвандони кӯҳансолу шаҳрвандоне, ки чиптаҳои парвозҳои муқаррариро бекор кардаанд, дохил карда шудаанд.

Чиптаҳоро аз нуқтаҳои чиптафурӯшии ширкати ҳавопаймои «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар фурудгоҳҳои байналхалқии кишварҳои хориҷӣ 4 соат пеш аз парвоз харидан мумкин аст.
Ҳамаи шаҳрвандони ба Ӯзбекистон баргашта ҳатман дар муддати 14 рӯз дар маркази карантинӣ ҷойгир карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки парвозҳои чартерии хатсайри Тошканд — Новосибирск — Тошканд имрӯз, 23-уми май оғоз мешаванд. Рӯйхати парвозҳои чартерӣ аз Новосибирск тақдим гардидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ