Рӯзи 23-юми май дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Рӯзи 23-юми май дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи ҷавонон.

Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони Вазорати экология ва захираҳои табиӣ.

Дар Ямайка — Рӯзи меҳнат.

Дар Мексика – Рӯзи донишҷӯён.

Соли 1930 аввалин нишони Ленин ба рӯзномаи «Комсомольская правда» дода шуд.

Соли 1949 Конститутсияи Ҷумҳурии Федеративии Олмон қабул гардид.

Соли 1963 бо фармони Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ бо нишони эҳтиром ба хизматҳои шоистаи Ташкилоти мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти қаҳрамононаи халқи Куба, саҳми арзанда гузоштан дар  роҳи расидан ба сулҳ ва сохти сотсиалистӣ, инчунин саҳм гузоштан дар мустаҳкамгардонӣ ва рушди дӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Куба ба Фидел Кастро Рус мукофоти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва медали «Ситораи тиллоӣ» дода шуд.

Соли 2003 шаҳри Москваи Федератсияи Русия номзади махсус барои гузаронидани бозиҳои олимпӣ шуд. Ин қарор дар вохӯрии олимпӣ барои дар катори дигар кишварҳо шомил намудани Москва ҳамчун номзади махсус дар овоздиҳии якмандатӣ қабул гардид.

Соли 2005 дар шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аввалин маротиба бозиҳои дӯстонаи исломӣ баргузор гардиданд.

Соли 2010 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия қисмати панҷуми бозиҳои ҷаҳонии варзиши сабук баргузор гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ