Рамазон Қодиров гирифтори бемории коронавирус гардид. Оё ин рост аст?

Рамазон Қодиров гирифтори бемории коронавирус гардид. Оё ин рост аст?
  • Post category:Ҷаҳон


Муҳаммад Довудов раиси парлумони Чеченистон хабарҳо дар мавриди мубтало шудани раисҷумҳур Рамазон Қодиров ба бемории коронавирусро беасос хонд.
«Дар мавриди саломатии Рамазон Қодиров ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ паҳн мешаванд. Аммо ман ба кулли шаҳрвандони ин манотиқ муроҷиат карда мегӯям, ки Рамазон Аҳмадов сиҳат саломат аст ва ба ҷони ӯ хавфе таҳдид намекунад», — навиштааст раиси парлумон дар сафҳаи худ дар  Instagram.
Довудов дар паҳн шудани хабарҳои бардурӯғ дар мавриди саломатии Қодиров, як гурӯҳи иборат аз 10 нафарро муттаҳам намуда мегӯяд, ки пайваста хабару маълумотҳои бардурӯғро паҳн мекунанд.
Ӯ гуфт, «дарк мекунад, ки шаҳрвандони Чеченистон пас аз шунидани овозаҳои беасос хавотир шуданд, вале ман мехоҳам ба шумо эътимод бахшам, ки раисҷумҳур саломат аст».

Қаблан аксар расонаҳо хабар дода буданд, ки кишвардори Чеченистонро дар ҳолати вазнин ба яке аз дармонгоҳҳои Маскав интиқол дода шуд. Ҳадс зада мешуд, ки Рамазон Қодиров низ мубталои коронавирус шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ