Ба импорти семент рухсат дода шуд

Ба импорти семент рухсат дода шуд

Аз 23-юми майи соли ҷорӣ маҳдудияти ба мамлакатамон овардани семент гирифта партофта шуд. Ин дар қарори таҳти рақами 309, аз санаи 22-юми майи Девони Вазирон муайян карда шуд. Қайд мешавад, ки бо қарори мазкур бо мақсади бо маводи сохтмонӣ бемаъмоният таъмин намудани корхонаҳои сохтмонии дар мамлакат амалкунанда маҳдудияти дар давраи карантин ҷоригардида муваққатан бекор карда мешавад. Мувофиқи қарори Девони Вазирон таҳти рақами 246 аз санаи 23-юми апрели соли 2020 ба мамлакатамон импорти семент муваққатан қатъ шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ