Дар Япония дараҷаи боварӣ ба ҳукумат паст гардид

Дар Япония дараҷаи боварӣ ба ҳукумат паст гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Рейтинги ҳукумати Япония бо сарпарастии Сарвазир Синдзо Абэ ба 27 фоиз фаромада рафт. Дар ин бора рӯзномаи «Mayniti» навиштааст. Дар тадқиқоти рӯзи 6-уми май гузаронидашуда дараҷаи боварӣ ба ҳукумат 40 фоизро ташкил намуд. Рейтинги нобоварии ҳукумат аз 45 фоиз то 64 фоиз баланд шуд. Ба ин ҷанҷоли дар атрофи Сарпрокурори Токио Хирома Курокава сабаби асосӣ шудааст. Вай ба сарпрокурории мамлакат даво дошт. Бино ба маълумотҳо Хирома Курокава бо дигарон маҷонг ном қимор бозидааст. Ӯ 22-юми май ба истеъфо баромад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ