Эрон: дар 24 соати гузашта 1869 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус аниқ гардид

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 104 ҳазору 72 нафар аз беморони КОВИД-19 дар кишвар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърсонии Вазорати беҳдошти Эрон, ахиран дар шаҳри Теҳрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 1869 бемори нав шиносоӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни нав, 386 маврид бистарӣ шуданд ва 1483 мавриди  дигар низ, ки аз афроди дар тамос бо беморон буданд пас аз муоина давраи дармони худро дар хонаҳои худ хоҳанд гузаронд.
Вай гуфт маҷмӯи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 133 ҳазору 521 нафар расидааст.
Инчунин Киёнуши Ҷаҳонпур афзуд, ки дар 24 соати гузашта фавти 59 бемор ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ аз коронавирус дар Эрон ҳафт ҳазору 359 нафар ба ҳалокат расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ